Arzon march 2024
Лӯлакабоб
2825

Маҳсулотҳо: -Равған -пиёз -картошка -помидор -занҷабили булғорӣ -оби ҷӯшонидашуда -гӯшт -тухм -намаку, мурчу, зира Тарзи таҳия: Ба равғани доғкарда пиёзро андохта зирбонеду картошкаи ҳаҷмаш начандон калонро илова карда, пас аз каме таф додан занҷабили булғорӣ, помидор ё афшурдаи помидорро резед. Маҳсулотро дар якҷоягӣ андаке зирбонда оби ҷӯшонидашуда ва намаку зира андозед. Бо ҳамин шӯрбои болаззат тайёр шуд. Қимаро ин тавр омода кунед: Як-ду пиёз ва гӯшти лаҳмро аз асбоби гӯштқимакунак гузаронида ба он як дона тухм, зира, мурч ва намак илова намуда, лӯлачаҳои хурд-хурд созеду дар деги шӯрбодор якто-якто чинед ва то пухтанаш дар оташи начандон баланд ҷӯшонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД