Маҳсулоти лозима: Шафтолу - 1 кг Шакар - 5 стакон Шарбати лимӯ - 1 қошуқча Ванилин – дар нӯги кордча Тарзи таҳия: Маҳсулотро омода созед. Шафтолуро шуста, бо корд реза кунед. Ба шафтолуи реза шакар пошед. Бонкаҳоро бо обу сода шуста дар буғоб безарар кунонед. Шафтолуи дар шакар таршударо ба бонкаҳо бардоред. Бонкаҳоро ба даруни зарфи калони обдор андозед. Об бояд то 2 см саршавии даҳони бонка расад. Обро то ҷӯшондан расонед, ва дар ҳолати маҳкам будани даҳони бонкаҳоро дар оташи миёна 20-30 дақиқа ҷӯшонед. Дар охир ба мураббо табъи дил шарбати лимӯ ва ванилин илова кунед. Баъдан сарпӯши бонкаҳоро нағзакак маҳкам кунед.