formula55
Мураббо бо малина
10616

 

1. Омода кардани мураббо бо малина дар 5 даққиқа

Маҳсулоти лозима:

  • 1 кг малина;
  • 1 кг шакар;

 

Тарзи таҳия:

Пеш аз тайёр кардани мураббо, малинаро аз ғӯзапоя тоза кунед ва малинаро бо оби хунук мулоим бишӯед. Роҳи осонтарини тайёр кардани мураббои болаззат бо малина. Барои тайёр кардани мураббо ба деги интихобкардаатон резед. Дар як дег, малинаро бо шакар пӯшонед ва 3-5 соат монед дам гирад, то ки малина афшура барорад. Барои тайёр кардан 7 даққиқа вақт ҷудо кунед.

Тайёр кардани мураббои малина 25 даққиқа вақт мегирад. Пеш аз оғози кор, зарфҳоро ба таври мувофиқ стерилизатсия кунед. Сарпӯшҳои металлиро 5 даққиқа дар оби ҷӯшон 25 сония буғ кунед. Сипас мурабборо дар оташ гузоред кунед ва 5 даққиқа пухта, бо шиддат омехта кунед. Барои санҷидани он, ки мураббо тайёр аст, қошуқи чӯбиро ба он тар кунед.

Нигоҳ кунед, ки мураббо ба поён мерезад: агар қатраи калон оҳиста-оҳиста ҷорӣ шавад, маҳсулот омода аст. Қатраҳои хурд, аксар вақт меафтанд - пухтупазро барои 2-5 дақиқаи дигар идома диҳед. Баъди пухтанаш мурабборо ба зарфҳои стерилизатсия резед, бо сарпӯш маҳкам мӯҳр кунед.

Мурабборо дар ҷойи хунуку торик нигоҳ доред, пас аз як моҳ он каме рангаш торик мешавад, аммо таъми аълои худро дар давоми сол нигоҳ медорад. Он дар пухтупаз васеъ истифода мешавад. Онро бо панкейкҳо, вафли ва яхмос истеъмол кунед таъми хуб дорад.

Пирог ва печене бо мураббои малина бениҳоят болаззат мебошанд. Аз маслиҳати устоҳои варзида истифода кунед ва беҳтарин мураббои малинаи ҷаҳонро барои наздиконатон омода кунед!

2. Мураббои малина бе пухтан

Ин тарзи омода кардани мураббо бениҳоят осон аст ва ба шумо имкон медиҳад, ки дар фасли зимистон аз малинаи тару тоза ва хушбӯй лаззат баред.

Маҳсулоти лозима:

  • 1 кг малина;
  • 1 кг шакар;

Тарзи таҳия:

Малинаро дар як зарф гиред ва аз болояш шакар илова кунед ва бо асбоби махсуи картошкамайдакунӣ онро зер кунед, то он даме, ки шакар пурра ҳал шавад Баъди ин 4-5 соат гузоред, то ки дам гирад. Мурабборо дар зарфҳо гирифта, маҳкам кунед ва дар яхдон нигоҳ доред.

3. Мураббои ғафс бо малина

Барои ғафс кардани мураббо муддати дароз пухтан шарт нест. Шумо метавонед ба он танҳо желатин илова кунед.

Маҳсулоти лозима:

  • 1 кг малина;
  • 800 грам шакар;
  • 25 г (2 қошуқи) желатин;
  • 70 мл об;

Тарзи таҳия:

Малинаро дар зарф гиред, шакар пошед ва ларзиш кунед. Якчанд соат гузоред дам гирад, то малина шарбати худро ҷорӣ кунад. Мурабборо дар оташи паст гузоред каме меҷӯшад аз оташ гиред ва монед хунук шавад.

Бори дуюм мурабборо дар оташ гузоред баъди ҷӯшидан монед хунук шавад. Ҳаминхел ин амалро 3 маротиба такрор кунед ва мураббо ғафс мешавад.

Желатинро дар оби гарм гудохта кунед. Вақте ки мураббо бори сеюм меҷӯшад, омехтаи желатиниро ба зарфи мураббодошта резед ва пайваста омехта кунед. Пас аз хунук шудан, мураббо ғафс мешавад.

4. Мураббо бо малина ва харбуза

Бӯйи ин мураббо аҷиби ширин ва маззааш туршии тунд дорад.

Маҳсулоти лозима:

  • 800 грам малина;
  • 2 дона лимон;
  • 200 грам шакар;
  • 200 мл об;
  • 1,5 кг харбуза;

Тарзи таҳия:

Лимӯро дар як коса реза кунед ва шарбати онро гиред. Шакарро илова кунед, омехта кунед ва як соат дам гирад. Баъдан аз болояш об илова кунед. Онро дар оташи паст гузоред, омехта кунед ва то пӯхтанаш дар оташ меистад.

Харбузаро чоркунҷаи майда реза карда, дар мураббо резед омехта кунед, кафкҳоро зуд зуд аз болояш тоза кунед ва то пӯхтанаш 20 дақиқа дар оташ меистад.

5. Мурабби малина ва олуболуи кабуд

Мураббои хеле ғафс, ки онро на танҳо барои чой, балки ҳамчун пур кардани пирожниҳо кулчақандҳо низ истифода бурдан мумкин аст.

Маҳсулоти лозима:

  • 400 грам малина;
  • 200 грам олуболуи кабуд;
  • 600 грамм шакар.

Тарзи таҳия:

Малина ва олуболуи кабудро дар зарф гиред ва шакар илова карда монед дам гирад. Якчанд соат монед дам гирад то ки мураббо шарбати худро ҷорӣ кунад. Мурабборо дар оташи паст гузоред, хуб омехта кунед ва то пӯхтанаш 15 дақиқа дар оташ меистад. Баъдан мурабборо монед хунук шавад ва бори дуюм 15 дақиқаи дигар дар оташ гузоред.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД