35 years of independency
1 сентябр дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар чанд хиёбону кӯча маҳдуд мешавад
31.08.2026
Оила
61

1 сентябр дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар чанд хиёбону кӯча маҳдуд мешавад

Пагоҳ, 1 сентябр, дар як қатор хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, маҳдудияти ҳаракат аз соати 15:00 то 19:00 дар хиёбонҳои Ҳофизи Шерозӣ ва Исмоили Сомонӣ, инчунин кӯчаи Сайид Носир амал мекунад.
Ҳамчунин, аз соати 17:00 то 19:00 ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Абулқосим Дониш ва Мастонгулова маҳдуд хоҳад шуд.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин муддат аз роҳҳои ҳамшафат истифода намуда, дар қитъаҳои мазкур бе зарурат таваққуф накунанд.
Мақомоти дахлдор аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки ҳангоми ҳаракат маҳдудиятҳои муваққатиро ба назар гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД