arzon replenishment
10-амале, ки бо иҷро шуданашон Рӯзаи инсон намешиканад
950

1. Рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ чизеро бихӯрад, биошомад ё ҳамбистарӣ намояд.
2. Дар хоб эҳтилол, яъне ҷунуб шавад.
3. Кас ҳиҷома, яъне хун гирад ё ба баданаш равған бимолад, рӯзаааш намешиканад.
4. Сурма кашад ё мисвок намояд.
5. Бӯсидан ва меҳрубонӣ кардан ба шарте, ки инзол нашавад.
6. Ҳар он чизеро, ки дар милки дандонаш боқӣ мондааст ва андозааш аз нахуд хурдтар бошад, кас онро фурӯ барад, рӯзаро намешиканад. Аммо андозааш аз нахуд калон бошад вакас онро берун оварда, баъд дубора фурӯ барад, рӯзааш мешиканад.
7. Кас рӯзона дар моҳи Рамазон оббозӣ ё ғусл намояд, рӯзааш намешиканад.
8. Агар шахс шабона бо ҳамсараш ҳамбистар шавад ва ҳанӯз ғусл накарда субҳ дамад, ин ҳолат ба рӯзаи ӯ ҳеҷ зараре намерасонад. Метавонад ғусл намояд ва рӯзаашро давом диҳад.
9. Агар кӯдаке рӯза гираду пеш аз вақт онро бишканад, кафорат ва қазо бар вай воҷиб намегардад.
10. Бо фурӯ бурдани оби даҳон чӣ миқдоре бошад, рӯза фосид намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД