Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рӯдхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат дорад? Мехоҳед донед, ки дар асл оббозӣ ба саломатӣ фоида дорад ё зарар? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!
Оббозӣ ҳам фитнес аст, вале...
Мутахассисон мегӯянд, ки шиноварӣ яке аз шаклҳои самаранок ва бехатари фитнес буда, фаъолияти тамоми узвҳои баданро ҳамоҳанг месозад. Ҳангоми оббозӣ фишори буғумҳо рафъ шуда, саломатии инсон рӯ ба беҳбудӣ меорад, вале эҳтиёт шудан шарт аст, чунки оби сард боиси хуруҷи баъзе бемориҳои илтиҳобӣ гашта метавонад.
Машқҳои ҳамаҷониба барои тамоми бадан
Ҳангоми оббозӣ мушакҳои пушт, китфҳо, қафаси сина ва пойҳо дар як вақт фаъолона ҳаракат мекунанд ва дар натиҷа бадани кас обутоб ёфта, соҳиби пайкари зебо мегардад.
Аз дарди буғумҳо раҳоӣ мебахшад
Табибон ба нафароне, ки аз дарди банду буғумҳо азият мекашанд, маслиҳат медиҳанд, ки дар фасли тобистон бештар оббозӣ кунанд. Гап дар сари он аст, ки ҳангоми оббозӣ бо шарофати хусусиятҳои табии об сарбории системаи мушакҳо ба ҳадди ақал мерасад. Ин беҳтарин варзиш аст барои шахсоне, ки аз дарди тахтапушт, артроз ё вазни зиёдатӣ дар азобанд.
Дилро пурқувват месозад
Оббозӣ барои тақвияти дил хеле муфид аст. Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки машғул шудан бо оббозӣ фаъолияти дилу рагҳоро ба низом дароварда, гардиши хунро беҳтар месозад ва хатари сар задани бемориҳои гуногуни дилро коҳиш медиҳад, албатта ба шарте, ки кас ба иллатҳои ҷиддии дил гирифтор набошад.
Ба узвҳои нафас фоида дорад
Оббозӣ барои узвҳои системаи нафаскашӣ низ хеле муфид аст. Нафаскашии фаъол ҳангоми шиноварӣ зарфияти шушро зиёд карда, мушакҳои системаи нафасро мустаҳкам месозад.
Аз вазни зиёдатӣ халос шудан хоҳед, бештар оббозӣ кунед
Шахсоне, ки мушкили фарбеҳӣ доранд, агар ба ҷойи парҳез ва истифодаи доруҳои гуногуни зарарнок бо оббозӣ машғул шаванд, зудтар ба мақсад мерасанд. Исбот шудааст, ки тӯли як соати шиноварии шадид аз 400 то 700 килокалория сӯхта, машғул шудан бо оббозӣ ба об шудани равғанҳои бадан мусоидат менамояд.
Оббозӣ мушакҳоро пурқувват месозад
Оббозӣ барои мушшакҳо хеле фоидаовар аст. Бартариаш дар он аст, ки бо оббозӣ машғул шудан тамоми мушшакҳои баданро пурқувват месозад ва дар натиҷа кас метавонад душворҳои ҳаёти рӯзмарраро ба осонӣ паси сар намояд.
Стрессро бартараф намуда, асабро ором месозад
Исбот шудааст, ки оббозӣ барои рафъи асабоният ва стресс фоида дорад. Ҳангоми машғул шудан бо оббозӣ шиддати эҳсосот паст шуда, ба истеҳсоли эндорфин мусоидат менамояд. Дар натиҷа системаи асаб ором шуда, стресс бартараф ва руҳияи инсон хуб мешавад.
Иммунитети одамро пурқувват мегардонад
Машғул шудан бо оббозӣ иммунитети инсонро пурқувват месозад. Сирраш дар он аст, ки ҳарорати об аз ҳарорати бадани инсон пасттар мебошад. Аз ҳамин сабаб ҳангоми машғул шудан бо оббозӣ системаи муҳофизатии организм барои дифоъ аз худ фаъол гашта, дар натиҷа иммунитет пурқувват ва тобовар мешавад.
Беҳтар шудани хоб пас аз оббозӣ
Оббозӣ барои афроде, ки мушкили бехобӣ доранд, хеле фоиданок мебошад. Пас аз шиноварии фаъол ҳолати умумии инсон хуб шуда, хастагии ҷисмонӣ ба зудӣ бартараф мегардад ва кас орому бароҳат мехобад.