arzon replenishment
10- ғизое, ки дар яхдон нигоҳ доштан мумкин нест
711


Яхдон дастёри беминнат буда, барои тару тоза нигоҳ доштани маводи ғизоӣ кӯмак мекунад, вале имрӯз мо ба шумо дар бораи 10 хӯрдание маълумот медиҳем, ки онҳоро дар яхдон нигоҳ доштан мумкин нест.

  • Равғани растанӣ

Равғани зайтун, офтобпараст, хардал, кокос ва дигар равғанҳои ғайри шириро дар яхдон нигоҳ доштан лозим нест. Ранги равғани дар яхдон нигоҳ дошташуда тира гашта, тамъашро гум мекунад.

  2. Асал
Дар ҳарорати паст асал зуд ях мекунад ва агар дар наздикиаш ягон ғизои бадбӯй бошад, дарҳол бӯйи онро кашида мегирад. Албатта хӯрдани асале, ки бӯйи бад дорад, ба ягон кас писанд нест. Бартарии асал аз дигар хӯрданиҳо дар он аст, ки ин ширинии лазизи табиӣ бидуни яхдон муддати дурудароз вайрон намешавад. Асали харидаатон замор пайдо кунад, донед, ки шуморо фиреб кардаанд ва асали харидаатон асали тоза нест.

3. Хушбӯиҳо
Адвиётро дар яхдон нигоҳ доштан зарур нест. Аввалан мурчу зира ва дигар хушбӯйиҳо вайрон намешаванд. Дуюм: Вақте ки шумо хушбӯиҳоро дар яхдон нигоҳ медоред, накҳату бӯйи гуворояшон гум мешавад.

4. Қаҳва
Барои он ки қаҳва бӯйи хуш ва накҳати гуворояшро гум накунад, онро дар ҷойи торик ва салқин нигоҳ доштан лозим аст, вале на дар яхдон. Гап дар сари он аст, ки дар яхдон қаҳва зуд вайрон мешавад.

5. Донаҳои ҷуворимакка (Кукурузные хлопья для завтрака.)

Донаҳои ширини ҷуворимаккаро ба ҳеҷ ваҷҳ дар яхдон нигоҳ надоред. Вақте ки шумо онро дар яхдон мемонед, дигар қарс-қарс садо намебарорад, бар замми ин, бӯйи бади гӯшту моҳӣ ва дигар хӯрданиҳоро кашида гирифта, бадбӯй мешавад.

6. Пудина
Пудина дар яхдон зуд пажмурда мешавад. Беҳтараш дар як истакон об гирифта, онро мисли гулдаста дар дарунаш гузоред.

7. Меваҳои нимхом
Манго, авокадо, шафтолу, зардолу, олуболу ва дигар меваҳои нимпухтаро дар яхдон нагузоред. Ҳарорати паст ба пухта расидани мева монеъ гашта, боиси вайроншавии меваҳо мегардад. Дар ёд дошта бошед, ки танҳо меваҳои нағз пухтаро дар яхдон нигоҳ медоранд. Гуфтагӣ барин, пеш аз ба яхдон гузоштан меваро нашӯед, чунки пӯсташ озурда гашта, зуд вайрон мешавад.

8. Шоколад
Вақте ки шумо тахтаи шоколадро дар яхдон мегузоред, рӯйи он ба зудӣ сафед шуда, тамъашро гум мекунад, бар замми ин, мағор бастанаш мумкин аст.

9. Помидор
Помидор дар яхдон зуд мулоим шуда, маззаашро гум мекунад. Беҳтараш ҳар як донаи помидорро дар коғаз печонида, дар таги тиреза, дар ҷойи салқин нигоҳ доред.

10. Картошка
Картошкаро дар ягон картон ё зарфи чӯбин гирифта, дар ҷойи торик ва салқине нигоҳ доред, ки ба он ҳаво расида истад. Дар яхдон картошка зуд неш мезанад. Гуфтагӣ барин, картошкаро дар пакетҳои полиэтиленӣ низ нигоҳ доштан мумкин нест, зеро дар муддати кӯтоҳ вайрон мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД