Arzon march 2024
10- маслиҳати муфид дар бораи оростани дастурхони идона
788


Имрӯз дар сар то сари Тоҷикистон Иди Саиди Фитр ҷашн гирифта мешавад. Мардуми тоҷик тибқи анъана дар ин рӯз дастурхон меороянд, то ки тамоми сол худованди меҳрубон ба хонадони онҳо файзу баракат ато намояд.

Мо ба шумо дар бораи тарзи дурусти оростани дастурхон маълумот медиҳем.

1. Кӯшиш накунед, ки дастурхони шоҳона ороед. Ба исрофкорӣ роҳ надиҳед, зеро исроф ҳаром аст.

2. Дастурхоне, ки дар иди Фитр меороед, бояд суннатӣ ва аз таомҳои миллӣ иборат бошад. Шумо метавонед ба дастурхони худ самбӯса, ҳавло, чагалдаку орзуқ, нону кулча ва ҳар гуна шарбату нӯшобаҳоеро, ки худатон тайёр кардаед, гузоред.

3. Дар дастурхонҳои идона кулчаҳои калони гирда монед, дастурхони шуморо боҳашаммат нишон медиҳанд.

4. Аз шириниҳо ба дастурхони идона чак-чак, салла ва торт мондан мумкин аст.

5. Агар барои ид хӯришҳои гуногун тайёр карда бошед, онҳоро дар яхдон нигоҳ доред, то ки вайрон нашаванд. Меҳмонҳо, ки омаданд, кам-кам ба наздашон мебароред.

6. Мағзу мавиз ва қанду шоколадро дар зарфҳои нисбатан баландтар гирифта дар рӯйи дастурхон монед, зеботар ба назар мерасад.

7. Аз таомҳо дар рӯзи иди Фитр шӯрбо, хомшӯрбо ва гӯшбирён пухтан беҳтар аст. Ош пухтан маслиҳат дода намешавда, зеро он зуд хунук ва ланҷ мешавад.

8. Дар дастархон гузоштани асбобу анҷоми заруриро фаромуш накунед: қошуқ, корд, чангак, қошуқчаҳо ва ғайра.

9. Дар дастархон ҳатман сачоқҳои матоӣ ё салфеткаҳои коғазӣ гузоштан лозим аст.

10.Барои боз ҳам зеботар шудани дастурхон сачоқчаҳои матоиро ба ягон шакли дилхоҳ таҳ карда, ба болои табақчаҳои барои хӯриш гузоред.

Ин буд чанд маслиҳати муфид дар боби оростани дастурхони зебо ва камхарҷ. Идатон муборак!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД