10 ҷойи кори холӣ дар Вазорати маориф ва илм
1753

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:

- сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ – 2 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.

 

Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:

- мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ. 

Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:

- мутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1112,20  сомонӣ.

Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак:

- сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ;

 

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:

- мутхассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.

Шуъбаи низоми ахбороти идоракунии маориф ва илм:

- сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.

 

Шуъбаи аудити дохилӣ:

- мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90  сомонӣ.

- мутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20  сомонӣ.

 

Шуъбаи сифати таҳсилот:

- мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ – 1112,20  сомонӣ.

 

Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:

- сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1 ҷой (категорияи  5), маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.

 

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.

Талабот ба довталабон:

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
  • маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:

1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:

  • таҳсилоти олии касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ё табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ: 

  • таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

3. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:

  • таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

4. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак:

  • таҳсилоти олии касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ё табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

5. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:

  • таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

6. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи низоми ахбороти идоракунии маориф ва илм:

  • таҳсилоти олии касбӣ иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

7. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

8. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ:

  • таҳсилоти олӣ ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • малакаи кор  бо компютер.

 

9. Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот:

  • таҳсилоти олӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • малакаи кор  бо компютер.

 

10. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Эзоҳ: Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 28-уми апрел қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
10 ҷойи кори холӣ дар Вазорати маориф ва илм
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси