sebiston july new
10-РОҲИ ПУЛКОРКУНӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН
2679


Даврони донишҷӯиро “солҳои тиллоии умр” меноманд, вале бо ҳама хушиҳояш ин давра мушкилиҳои худро дорад. Бузургтарин мушкил барои донишҷӯён ин бепулист.

Албатта падару модар маблағи таҳсил ва роҳкирои фарзандашонро медиҳанд, аммо барои ҷавонписар ё ҷавондухтари донишҷӯ ин кифоят намекунад. Ҷавонон мехоҳанд либосҳои зебою замонавӣ пӯшанд, ҳамроҳи дӯстону ҳамсабақонашон ба сайру гашт раванд, шабнишиниҳо гузаронанд, аммо барои ҳамаи ин маблағ лозим аст. Албатта бар замми хароҷоти таҳсил аз волидон барои дилхушиҳои худ пул пурсидан аз рӯйи инсоф нест, бинобар ин, донишҷӯ бояд кӯшиш намояд то роҳи дигари даромадро пайдо кунад. Имрӯз мо дар бораи 10-роҳи пул кор кардан ба донишҷӯён маълумот медиҳем.

1. Бармен ё пешхизмат шавед
Барои он ки кор кардан ба раванди таҳсил халал нарасонад, донишҷӯ бояд шуғлеро пайдо намояд, ки онро фориғ аз дарс таҳсил анҷом додан импонпазир бошад. Бармен ё пешхизмат шудан аз ин нигоҳ барои донишҷӯён мувофиқтар аст, зеро маъмулан тарабхонаҳо бегоҳ сермеҳмон шуда, тахминан то соатҳои 1-и шаб кор мекунанд. Агар дар ягон тарабхона ба сифати бармен ё пешхизмат ба кор дароед, шумо бемалол шикаматонро он ҷо сер мекунед, аз шунидани мусиқӣ лаззат мебаред ва аз ҳама муҳимаш як моҳи дароз моҳонаро интизор нашуда, ҳаққи заҳмати худро сари вақт мегиред.

2. Фриланс чи кор мекунад?
Фриланс-ин калима барои аксари ҷавононе, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, ошно аст. Барномасозӣ, дизайн ва маркетинг самтҳои асосии фриланс ба шумор мераванд. Барномасоз ва дизайнери машҳур набошед ҳам, шумо метавонед пеш бурдани ин ё он гурӯҳро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дӯш гирифта, маблағи муайян кор кунед.

3. Муздур-грузчик
Кори душвор ва миёншикан буда, танҳо ба ҷавонписарони бо тану тӯш ва рустамбозу мувофиқ меояд. Албатта фаровардани борҳои вазнин аз вагон ё мошинҳои калони боркаш кори саҳлу осон нест, вале се бартарӣ дорад: даромади хуб мегиред, ҳаққи заҳмататонро дарҳол медиҳанд ва кор ба дарсҳоятон халал намерасонад.

4. Фурӯшанда-маслиҳатчӣ
Кори чандон душвор нест, маоши хуб медиҳанд, аммо баъзан шуморо зарур меояд, ки ба хотири кор аз дарс монед ё баръакс ба хотири имтиҳон ё санҷиш аз баҳри даромади якрӯзаи худ гузаред. Бартарии аз ҳама муҳими ин пеша дар он аст, ки шумо расман кор мекунед ва ҳар моҳ сари вақт моҳонаатонро мегиред.

5. Тиҷорати шабакавӣ -сетевой маркетинг
Тиҷорати шабакавӣ-сетевой маркетинг дар замони муосир хеле рушд кардааст. Шумо метавонед бо ягон ширкат шартнома баста, маҳсулоти онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет тарғиб намоед. Миллионер нашавед ҳам, даромади аз ин кор ба даст меомада барои ҷавонписар ё ҷавондухтари донишҷӯ кифоят мекунад.

6. Омӯзгор-репититор
Аслан, илм бояд бо амал пайваст бошад, шумо метавонед донишеро, ки аз донишгоҳ мегиред, ба дигарон омӯзонида, аз ин ҳисоб даромади муайян ба даст оваред. Албатта дар солҳои аввали дониҷӯӣ ин кор қариб, ки ғайри имкон аст, вале донишҷӯёни курсҳои 3-6 метавонанд бе малол ба сифати омӯзгор-репититор ба кӯдакони синни томактабӣ, хонандагони синфҳои поёнӣ ва ҳатто калонсолон дар омӯхтани ин ё он забон ва ё фан ёрӣ расонида, барои ҳар як дарси медодаашон маблағи муайян бигиранд. Забондон набошед, метавонед нозукиҳои рақс ва ё ҳунари рассомиро ба кӯдакон ёд диҳедӣ ё ба сифати фитнес-мураббӣ кор кунед.

7. Даромад аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо барои саргармӣ ва чақ-чақ кардан бо ёру дӯстон офарида нашудаанд, одамони оқилу зирак бо воситаи ин шабакаҳо пул кор мекунанд. Донишҷӯён низ метавонанд бемалол дар Instagram ё Youtube канали худро кушода, бо кӯмаки ин шабакаҳо даромади муайян ба даст оваранд. Ҳар қадар бештар видеоҳои аҷиб таҳия намоед ва маводҳои ҷолиб нависед, ҳамон андоза бештар одамон ба канали шумо ҷалб шуда, шанси пул кор карданатон меафзояд.

8. Ҳам музду ҳам миннатдорӣ
Имрӯз аксари донишҷӯён мошин доранд, агар шумо ҳам аз ҳамон тоифа бошед, метавонед мушкили дигаронро осон намуда, хӯроки супориш додаашонро аз тарабхона ба хонаашон баред ё ягон хизмати дигарро ба ҷо оварда, даромад ба даст оваред.

9. Посбонӣ ҳам ҳунар аст
Замоне, ки посбонҳо милтиқ сари китф то саҳар дар гирду атрофи корхона гашту гузор мекарданд, кайҳо гузашта рафт. Имрӯз қариб тамоми корхонаҳо бо камераҳои назоратӣ таъмин ҳастанд, вале техника бе инсон ҳеҷ аст. Шумо метавонед ба сифати посбон дар ягон ширкат ба кор даромада, бо роҳи начандон душвор пул кор кунед. Ягона мушкилоти посбонӣ дар он аст, ки хобро фармӯш карда, чашматонро аз дурбинҳои назоратӣ намеканед, то касе бо қасди ғоратгарӣ ё ягон нақшаи дигари зараровар ба бино ворид нашавад.

10. Кошонаи ҳусн
Ҳар як инсон мехоҳад зебову дилкаш бошад ва шумо метавонед хизматрасонии худро дар ин самт ба роҳ монда, даромади хуб бигиред. Фақат як чизро фаромӯш накунед, ки ҳаваскорӣ дар ҷодаи зебоӣ ба кор намеравад, барои дар кошонаи ҳусн кор кардан шумо бояд аввал дар назди ягон устои хуб шогирд истода, нозукиҳои ин касбро омӯзед. Дар як рӯз ҳамагӣ ду-се мизоҷ қабул кунед ҳам, камаш 60-80 сомонӣ пул кор мекунед ва ҳамин тавр дар як моҳ ҳудуди ду-се ҳазор смонӣ маблағ ба даст меоред. Бовар кунед, ҳатто барои шахсоне, ки дар корхонаҳои калон кор мекунанд, ду ҳазор сомонӣ маблағи кам нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД