sebiston july new
ДАРУНРАВ ВА ДИСБАКТЕРИОЗ БА КӮДАКОН ЧӢ ХАТАР ДОРАД?
9702

 

Тобистон яке аз фаслҳои дӯстдоштаи мост ва махсусан кӯдакон фаро расидани онро бесаброна интизорӣ мекашанд.

Албатта оббозӣ кардан дар обҳои мусаффо ва лаззат бурдан аз хӯрдани меваҳои лазизи пуршаҳд кайфияти хушу гуворое дорад, вале дар баробари ин ҳама мӯъҷизаҳояш тобистон баъзе ногувориҳо ҳам дорад. Яке аз мушкилиҳои асосии ин мавсим авҷ гирифтани касалиҳои сироятӣ, махсусан шикамрав мебошад, ки бештар кӯдакону наврасонро азият медиҳад.  

Чаро шикамрав маҳз дар фасли тобистон хурӯҷ мекунад?

Диарея аз дисбактериоз чӣ фарқ дорад?

Ин беморӣ то кадом андоза хатарнок аст?

Оё метавон шикамравро пешгирӣ намуд?

Барои ба ин саволҳо посух гирифтан мо бо Воҳидҷон Мирзоев, мудири шӯъбаи ташхису карантинии кӯдаконаи Маркази Миллии Тиббии “Шифобахш” ҳамсӯҳбат гаштем.

-Ҳамин ки фасли тобистон сар шуд, модарон серташвиш мешаванд. Мушкилоти аз ҳама бузург дар айёми гармо ин тез-тез ба дарунрав гирифтор шудани кӯдакон аст. Сабаби маҳз дар фасли тобистон авҷ гирифтани ин бемориро шумо ҳамчун табиб дар чӣ мебинед?

-Диарея ё дарунрав бемории сироятие мебошад, ки дар натиҷаи ба организми инсон роҳ ёфтани ротавирус, аденовирус, энтеровирус ва дигар вирус, бактеря ва микробҳои харобкору зиёновар сар мезанад. Таҷриба нишон медиҳад, ки бештар хурдсолон, махсусан кӯдакони синни 1-7 сола ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сабаби маҳз дар фасли тобистон авҷ гирифтани бемории дарунрав дар тағйиротҳои мавсимӣ мебошад. Ҳаво гарм шуда, меваю сабзавот пухта мерасад. Кӯдакон тез-тез дар обҳои ифлос оббозӣ мекунанд, аксар вақт бо дастони ношуста меваю сабзавоти шуставу ношустаро ба даҳонашон меандозанд, рӯз то шом дар кӯчаву пасткӯчаҳо сарлучу пойлуч давутоз карда мегарданд. Албатта дар ин ҳолат бактерия ва микробҳои зиёде ба организми атфол роҳ меёбанд ва ҳамаи ин дар якҷоягӣ боиси ба осонӣ сироят ёфта, ба бемориҳои гуногуни сироятӣ, махсусан диарея ва ё дарунрав гирифтор шудани кӯдакон мегардад.

-Аксар вақт модарон ба дарунрав гирифтор шудани кӯдакро танҳо баъди авҷ гирифтани беморӣ пай мебаранд. Аз ҳамин хотир мехостам дар бораи нишонаҳои аввалини беморӣ каме маълумот диҳед...

-Дарунрав ба қатори бемориҳои шадиди сироятии рӯда дохил мешавад. Вақте ки микроб ва бактерияҳо ба ҷисми инсон, хоса тифлакон роҳ ёфта, вайронкориро сар карданд, иштиҳои кӯдак гум шуда, инҷиқӣ кардан мегирад. Табби кӯдак баланд гашта, дилаш беҳузур мешавад ва хӯроки хӯрдаашро қайъ мекунад. Дар баъзе кӯдакони ба дарунрав гирифтор шуда ҳатто табларза ба мушоҳида мерасад. Шикамчаи кӯдак дард карда, тез-тез ахлот мекунад. Маъмулан ахлоти кӯдаки бемор суст буда, кафк, парда ва ҳатто қатраҳои хун доштанаш мумкин аст.

-Дарунрав чӣ хатар дорад?

Волидон набояд дарунравии кӯдакро ҳамчун як бемории оддии бе зарар қабул намоянд. Тамоми намудҳои диарея барои тифлакон, махсусан кӯдакони 1-5 сола хатарнок ба ҳисоб мераванд. Гап дар сари он аст, ки дар натиҷаи дарунрав ҷисми кӯдак миқдори хеле зиёди обро аз даст медиҳад. Камобшавӣ (обезвоживание) бошад, барои кӯдакон бисёр хатарнок буда, метавонад оқибатҳои нохушро ба бор оварад, бинобар ин, маслиҳати мо ба тамоми волидон, махсусан модарон он аст, ки дар сурати ба дарунрав гирифтор шудани фарзандашон ҳатман сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд ва доруву дармони фармудаи табибонро бигиранд.

-Баъзан кӯдаки дарунрав доштаро ба назди табиб баред, “дисбактериоз шудааст” мегӯяд. Дисбактериоз ва дарунрав як беморӣ ҳастанд ё ягон фарқият доранд?

-Дар ҷисми ҳар як инсон миқдори муайяни бактерияҳои фоидаовар ва зараровар вуҷуд доранд. Вақте ки бо ягон сабаб мувозинат вайрон шуда, шумораи бактерияҳои зараровар дар организм зиёд мешавад, кас ба дисбактериоз гирифтор мегардад. Дисбактериоз асосан ба рӯда зарар мерасонад. Кӯдаке, ки дисбактериоз дорад, почаҳояшро ба шикамаш зер карда мегиряд, чунки шикамчааш дамиш карда, дард мекунад. Ахлоти кӯдак суст ва кафкдор гашта, бӯйи ғализ мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо қайъкунӣ ва сурхшавии бадани кӯдак ба назар мерасад.

-Мегӯянд, кӯдаконе, ки шири сунъӣ мехӯранд, ба ин беморӣ бештар гирифтор мешаванд. Ин ақида ягон асос дорад?

-Албатта шири модар барои кӯдак беҳтарни ғизо аст, вале ман гуфта наметавонам, ки тамоми тифлакони шири сунъӣ мехӯрда ҳатман ба дисбактериоз гирифтор мешаванд. Сабабҳои дисбактириоз зиёданд. Кӯдак метавонад дар натиҷаи аз сар гузаронидани баъзе бемориҳои сироятӣ, суст шудани иммунитет ва ё қабули антибиотикҳои зиёд ба ин мушкилӣ дучор гардад. Барои муолиҷаи дисбактериоз маъмулан прибиотикҳоро тавсия медиҳанд. Прибиотикҳо маводҳои доруворие мебошанд, ки ба барқарор шудани микроорганизмҳои фоидаовар дар организм ёрӣ мерасонанд.  

-Бармегардем сари мавзӯи дарунрав. Вақте, ки кӯдак дарунрав мешавад, волидон бояд чӣ кор кунанд?

-Дар сурати ба дарунрав гирифтор шудани кӯдак ҳатман ба духтури кӯдакона муоҷиат намудан лозим аст. Беморӣ сабук бошад, табиб доруҳои зидди исҳол таъин мекунад ва минбаъд шумо табобати фарзандатонро дар шароити хона идома медиҳед. Дар сурати вазнин будани ҳолати тифл ӯро дар бемористон бистарӣ намудан шарт аст, чунки баъзе кӯдакон ин бемориро хеле бо душворӣ мегузаронанд ва кор ба ҷое расида метавонад, ки кӯдак беҳолу бемадор шуда, дигар базӯр аз ҷояш мехезад. Барои он ки ҷисми кӯдак бо мушкилоти камобшавӣ дучор нагардад,қатрадорӯ (капелниса) мегузаронанд. Маъмулан пас аз гирифтани қатрадорӯ кӯдакон хеле зуд ба худ омада, дар як муддати кӯтоҳ шифо меёбанд.

-Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба модароне, ки кӯдаки бемор доранд?

-Вақте ки кӯдак ба дарунрав гирифтор мешавад, модар бояд ин корҳоро анҷом диҳад:

  1. Ба тифли бемор тез-тез об диҳед, то ки ҷисми кӯдак бо мушкилоти камобшавӣ дучор нагардад. Шумо метавонед ҳамчунин аз маҳлули намакдори “Регидрон”истифода баред. Нӯшидани оби хуч дар ҳолати беморӣ фоидаовар аст, чунки саршор аз витаминҳо мебошад.

 

  1. Нӯшидани Кока-кола, Арси-кола, Лимонад ва дигар нӯшокию обҳои газдор ба кӯдакони шикамрав қатъиян манъ аст. Кӯшиш кунед, ки то сиҳат шудани фарзандатон чунин нӯшокиҳо умуман дар манзили шумо набошанд, чунки кӯдакон одати баъзан аз падару модар пинҳонӣ хӯрдану нӯшидани ғизои мамнӯъро доранд.

 

  1. Вақте ки кӯдак ба дарунрав гирифтор мешавад, иштиҳояш гум шуда хӯрок хӯрдан намехоҳад. Модар бояд дар ин ҳолат ба ҷойи се маротиба дар як рӯз 5-6 маротиба кам-кам ба фарзандаш ҳар хел хӯрокҳои сабук хӯронад, то ки организми кӯдак бо беморӣ мубориза бурда тавонад.

 

  1. Ба кӯдаки шикамрав хӯрокҳои серравған, бирёнӣ ва сахт надиҳед. Беҳтар аст, ки тифл шӯрбо, шӯла ва дигар хӯрокҳи сабукро бо нони сиёҳ истеъмол намояд.

 

  1. Каме биринҷро ҷӯшонед ва обашро полонда, баъди ширгарм шудан ба кӯдак хӯронед. Оби биринҷ барои зудтар аз шикамрав халос шудан ба кӯдак ёрӣ мерасонад.

 

  1. Ҳар як зане, ки фарзандони хурдсол дорад, бояд дар хона пӯчоқи анор дошта бошад, чунк он барои шикамрав давои хеле хуб аст. Каме пӯчоқи анорро шуста дар зарфе андозед ва аз болояш об рехта, ҷӯшонеду ширгарм карда ба фарзандатон диҳед. Нӯшидани оби анор ҷараёни шифоёбии кӯдаки дарунрав доштаро метезонад.

 

  1. Шикамрав бемории сироятӣ буда, аз одами бемор ба афроди солим гузашта метавонад, бинобар ин, кӯдаки маризро аз фарзандони солиматон ҷудо нигоҳ доред, беҳтар аст.

 

  1.  Либос ва бистару болини кӯдаки беморро тез-тез шуста дарзмол кунед, то ки микробу бактерияҳо несту нобуд шаванд. Фаромӯш накунед, ки тозагӣ гарави саломатӣ мебошад.

 

  1. Аксари кӯдакон бемор бошанд ҳам, давутоз кардан мегиранд. Тавре, ки дар оғоз ишора кардем, вақти ба дарунрав гирифтор шудан ҷисмаш оби зиёдеро аз даст дода, кӯдак хеле беҳолу бемадор мешавад. Давутоз кардан дар ин вақт ҳоли кӯдакро боз ҳам бадтар карда метавонад, бинобар ин, назорат баред, ки то шифо ёфтанаш фарзандатон реҷаи бистариро риоя намуда, бештар хоб равад, то қувваи ҷисмониаш аз нав барқарор гардад.  

 

  1. Кӯдаки ба дарунрав гирифтор шуда асабонӣ шуда, бисёр инҷикӣ мекунад. Модар бояд дар ин давра пурсабр бошад. Ҳаргиз ба сари кӯдаки бемор даст набардоред, дод назанед ва дуову дашном надиҳед. Шумо бояд баръакс кӯшиш намоед, ки бо суханони пурмеҳр дили кӯчаки фарзандатонро гарм кунед. Меҳрубонии модар барои кӯдак дар давраи беморӣ бештар аз дорӯ зарур аст.

-Барои сӯҳбати судманд як ҷаҳон ташаккур!

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД