sebiston july new
10-шириние, ки ба саломатӣ фоида доранд
951

Хӯрдани шириниҳо табъи касро болида мегардонад, аммо бисёриҳо аз тарси он ки ширинӣ боиси фарбеҳ шуданашон мегардад, худро аз ин лазати биҳиштӣ маҳрум месозанд.

Дар “Рӯзи ошиқон” мо ба шумо дар бораи 10 шириние маълумот медиҳем, ки натанҳо касро фарбеҳ намекунанд, балки ба саломатӣ фоида ҳам доранд.

Асал

Таркиби асал аз микроэлементҳо ва витаминҳои гуногун, аз ҷумла витаминҳои гурӯҳи В, Е ва С бой буда, барои саломатӣ бениҳоят фоиданок мебошад. Бар замми ин, асал дар таркибаш равғанҳои флавоноидӣ ва эфирӣ дошта, хусусияти зиддиилтиҳобӣ дорад. Ногуфта намонад, ки асал беҳтарин тақвиятбахши иммунитет ба шумор рафта, қувваи муҳофизатии организмро дучанд мегардонад.

Мӯъҷизаи меваҳои ширин

Меваҳои тару тоза аз витамин ва микроэлементҳо бой мебошанд. Аз ҷумла банан, хурмо ва зардолу аз калий саршор ҳастанд, бинобар ин, табибон ин меваҳои ширинро ба маризоне, ки аз бемории дил ва рагҳои хунгарди он азият мекашанд, тавсия медиҳанд.
Ногуфта намонад, ки дар таркиби мевагӣ клетчатка низ фаровон буда, ба барқароршавии микрофлораи рӯдаҳо мусоидат менамоянд.

Хушкмеваҳо чӣ фоида доранд?

Фарқияти асосии хушкмева аз меваи тар дар он аст, ки дар таркиби меваҳои хушккардашуда об нест. Аз ҳамин сабаб миқдори витамин ва микроэлементҳо дар таркиби хушкмева бештар аст. Аммо бояд гуфт, ки бо сабаби дар боло зикршуда каллориянокии меваҳои хушккардашуда назар ба меваҳои тару тоза бештар аст.

Ҳалво

Азбаски ҳалворо асосан аз кунҷид, чормағз ва донагиҳои дигар тайёр мекунанд, он дар таркибаш ба миқдори зиёд клетчатка ва равғанҳои муфид (растительные жиры) дорад. Туфайли ҳамин хосияташ ҳалво ба кори мунтазами меъдаю рӯда ёрӣ мерасонад. Бояд таъкид кард, ки клетчаткаи дар таркиби ҳалво мавҷуд буда миқдори глюкоза ва холестеринро дар ҷисми инсон мӯътадил нигоҳ медорад. Моддаҳои мазкур дар организм зиёд бошанд, ҳалво онҳоро аз хун мебарорад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки каллориянокии ҳалво баланд аст.

Пастила ва фоидаҳо он

Пастила ин як навъ маҳсулоти кондитерие мебошад, ки аз шарбати хушккардашудаи меваҳо тайёр карда мешавад. Он ранг ва намудҳои гуногун дорад. Ба ҷойи пастилаи рангаш сафед ва дилкаш агар шумо рангҳои тиратари онро интихоб намоед, беҳтар аст. Гап дар сари он аст, ки дар таркиби ин намуди пастила нахҳои ғизоӣ бештар буда, он қандро ба зудӣ баланд намекунад. Фоидаи дигараш он аст, ки баъди хурдани пастила касро худро муддати тӯлонӣ сер эҳсос мекунад.

Шоколад

Какао-равған. Таркиби шоколат асосан аз ҳамин ду чиз иборат аст. Шоколади асил дар таркибаш кислотаҳои равғании зиёде дорад. Шоколад ҳамчунин дар таркибаш моддаи муфиди омега 3 дорад, ки сатҳи холестеринро дар хун паст мекунад, ба шарте, ки шоколади мехӯрдаи шумо шоколади сиёҳ ва дар таркибаш на бештар аз 70% какао дошта бошад.

Мармелад и зефир

Аз тамоми намудҳои шириниҳо ва маҳсулоти кондитерӣ мармелад ва зефир коллорияи камтар доранд. 100 грамм зефир ва ё мармелад тахминан 200–300 ккал дораду халос. Аз ҳамин сабаб ҳатто раққосаю варзишгарон метавонанд нотарсида мармелад ва зефир бихӯранд. Дар фосилаи байни танаффусҳо як-ду донагӣ мармелад ё зефир хӯред, он ба шумо нерӯи тоза бахшида, табъатонро болида мегардонад.

Афшӯраи творогӣ

Барои десерт варианти хуб аст,махсусан агар онро бо дасти худатон тайёр кунед. Метавонед ба творог каме равғани маска, шакар ва асал илова намуда, ҳамаашро нағзакак лат занед. Агар ба он хушкмева ва чормағз андозед, коллориянокиаш баланд мешавад, вале ҳамзамон миқдори витаминҳо ва микроэлементҳои таркибаш низ бештар хоҳад шуд. Бо хӯрдани чунин десерт шумо ҷисми худро бо сафедаҳо, калсий ва витаминҳои гуногун шодоб месозед.

Коктейли ширӣ

Коктейли ширӣ манбаъи микроэлементҳо ва витаминҳо буда, ҳамзамон аз сафеда ва кальций бой аст. Беҳтараш онро дар хона бо дасти худ омода намуда ба коктейли ширӣ ягон мевагӣ ва ё буттамева андозед. Хоҳед, ки коллориянокии коктейи шумо камтар шавад, шири равғанаш гирифташударо истифода баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД