formula
10 сирри мардон, ки зан бояд донад
1288


Дар хушбахтии оилавӣ ҳамдигарфаҳмии зану шавҳар нақши калидаро мебозад. Барои бо мард забон ёфтан ва ба осонӣ дили ҳамсарашро ба даст овардан, зан бояд сирру асрори хислати мардонро бидонад.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи 10 сирри мардона маълумот медиҳем, ки донистани ин асрор барои бонувон хеле муҳим аст.

 Қошу қавоқи зан мардро ба ғазаб меорад

1. Ба мард нофорам аст, вақте зан асабӣ ё зиқ шуда, қошу қавоқ мегиронад. Мард гумон мекунад, ки бояд барои дилхушии зан кореро ба анҷом расонад, вале чӣ кор, намедонад. Азбаски мард ҳеҷ гоҳ дунёи ботинии занро дарк карда наметавонад, аз он ки наметавонад дарди бонуяшро сабук созад, азоби руҳӣ кашида ба ғазаб меояд. Аз ҳамин сабаб баъзе мардҳо қошу қавоқи гирифтаи занро бубинанд, ба ҷойи меҳрубонӣ ва дилбардорӣ баръакс дағалӣ мекунанд. Барои он ки чунин нашавад, зан бояд ба мард ҳолати руҳияро фаҳмонад. Киноя задан фоида надорад, чунки аксари мардҳо ба маънии суханҳои таҳдор аслан сарфаҳм намераванд. Беҳтараш шаф-шаф накарда, шафтолуи гапро гӯед. Ошкоро сухан карда ба мард фаҳмонед, ки аз чӣ мушавваш ҳастед ва аз ӯ чӣ мехоҳед.
2. Кор барои мардон аз ишқу ошиқӣ муҳимтар аст
Мардҳо мисли бонувон ҳамеша дар бораи ишқу муҳаббат ва муносибатҳои заношавҳарӣ фикр намекунанд. Ҷинси зарифро худованд табиатан шикорчӣ ва таъмингари оила офаридааст, аз ҳамин сабаб мардон бештар дар бораи касбу корашон фикр мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки қуллаҳои баландро фатҳ намоянд. Мард дар ҷойи кораш ягон мушкилӣ дошта бошад, ба умеди дӯстдориву навозиши ӯ нашавед.
3.Шавҳарашро бо ҳамсоя муқоиса кардани зан мардро “девона” мекунад
Ягон масъалаи оилавиро аз қабили таъмири хона, харидани мебел ё техникаи нави маишӣ бо кӯмаки мард ҳал кардан хоҳед, ҳеҷ гоҳ бо истеҳзо гап назанед. Шавҳаратонро бо ҳамсоя ё ҳамкоратон, ки хонааш қасри шоҳро мемонад, муқоиса карда, умедвор нашавед, ки ҳамсаратон сари нангу номус меояд ва аз паси иҷрои хоҳиши шумо мешавад. Ӯро бо дигар ҳамҷинсонаш қиёс намудани зан ғазаби мардро меорад. Ҷавоби аксари мардҳо дар ин ҳолат чунин аст: Рафта ҳамон бойбачаро гир! Беҳтараш мардакатонро таъриф кунед, он гоҳ вай бо ҷону дил тамоми хоҳишҳои шуморо иҷро мекунад.

4. Мардҳо таърифро дӯст медоранд
Марди шумо беҳтарин аст. Ҳафтае як маротиба ҳатман дар ин бора ба ӯ бигӯед. Фантазияатонро ба кор бурда, бартариҳои ӯро қайд намоед: ронандаи хуб аст, мушкилиро дарҳол ҳал мекунад, дар телефон бо ӯ гап зада, кас аз суханони ширинаш ба ваҷд меояд, касе мисли ӯ оши палави бомаза пухта наметавонад, туҳфаҳои беҳтарин интихоб мекунад... Муҳимаш ягон гапро такрор накунед, вагарна асаби мардро вайрон месозед.

5. Эродгирии зан мардро силсард месозад

Мард аз сару либосаш розӣ набошад, ҷанҷол ва хафагӣ накунед. Марди шумо мехоҳад беҳтарин бошад ва шумо ҳамчун зан вазифадоред, ки аз ӯ шоҳзода созед. Мардакатон завқу салиқаи либоспӯшӣ надорад? Боке нест. Барояш либос харида хоҳиш кунед, ки ба хотири шуморо онро як бор чен карда бинад. Вақте ки мард либоси навро пӯшид, либосзеб буданашро қайд намуда малеҳ табассум намоед. Дар таъриф намудани мард хасисӣ накунед, он гоҳ вай ба шумо бовар карда, минбаъд дар интихоби либос ба маслиҳататон гӯш медодагӣ мешавад.

6 Зани ғурбатчӣ ба мард намефорад

Мардҳо зани ғурбатчиро дӯст намедоранд. Шавҳаратон мехоҳад баъзе корҳояшро аз қабили асабоният, тугмаи кандагӣ, куртаи ифлосаш, фаромӯшхотирӣ... нодида бигиред. Фаромӯш насозед: «Муҳим дар зиндагӣ осоиштагӣ аст!» Барои ҳар майда-чӯйда қошу қавоқ гирондаю моҷаро ҷуста, шумо ба решаи бахтатон бо дасти худ табар мезанед.

7. Бепарвои зан ишқи мардро мекушад

Беҳуда нагуфтаанд: “Муҳаббат ҳам зи бепарвоӣ мемирад!” Барои он ки мардатон аз шумо дилсард нагардад, тез-тез дар бораи кор, андеша ва нақшаҳояш пурсон шавед. Нисбати марди худ бодиққат бошед ва ғамхорона ба ӯ кӯмак расонед. Дар сурати аз услуби кори мард бехабар будан беҳтараш аз додани маслиҳат худдорӣ намоед, зеро маслиҳати беандешаи зан мардро асабонӣ месозад. Вақте мард бо шумо дар бораи корҳояш гап мезанад, донед, ки дар дилаш маъво гирифтаед.

8. Мард бе меҳрубонӣ мемирад, вале...

Мард бе меҳрубонӣ мемирад, вале мурад ҳам, дар ин бора ба зан чизе намегӯяд. Хушбахт шудан хоҳед, навозишро ба мард арзонӣ доред. Мардакатонро бо муҳаббат оғӯш намуда, сарашро сила кунед, аз чашмонаш бӯсед...

9. Мард зани “раиса”-оро дӯст намедорад

Мардҳо аз бонувони донову сарвар ба ваҷд биёянд ҳам, оиларо бо зане сохтан мехоҳанд, ки ҳамроҳаш худро сарвари оила эҳсос карда тавонанд. Аз ин лиҳоз зан ҳангоми муошират бояд хислатҳои мардонаашро пинҳон намояд.

10. Сохтакории занро мард дарҳол ҳис мекунад

Мардон сохтакории занро дарҳол ҳис мекунанд. Барои он ки оилаатон пойдор монад, шумо бояд ба мард самимӣ бошед ва бо рафтору гуфторатон исбот намоед, ки ӯ беҳтарин, ягона, такрорнашаванда ва шоҳу худои шумо аст. Фаромӯш накунед, зан аз мард якдигарфаҳмиро таманно дорад, мард бошад аз зан муҳаббат мехоҳад. Шавҳаратонро аз муҳаббат шодоб гардонед, он гоҳ мард бо муҳаббаташ шуморо сер мекунад.

Дар хотир доред, ки ҳар як мард такрорнашаванда аст. Аз ин хотир, баъзе қоидаҳо ба марди шумо рост меоянду баъзеаш не. Марди худро омӯзед, боварӣ дорем, ки асрори зиёдеро барои худ мекушоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД