toyota motors
10 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё рақобат мекунанд
57

Дирӯз, 22-юми апрел дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии Мардумии Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз ёфта, то 30-юми апрел идома хоҳанд кард. Кишвари моро дар ин мусобиқаи баландпоя 10 нафар варзишгарон муаррифӣ намуда, ҳунару маҳорати худро дар намудҳои варзиши соҳилӣ, гӯштини соҳилӣ ва ҷиу-ҷитсу нишон медиҳанд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё варзишгарон Салим Саидалиев, Фирӯза Қосимбоева, Ҳасан Боймуродов, Алиҷон Бобомуродов, Маҳмудҷон Назризода, Комил Боймуродов, Рамшед Абдуллоев, Алиризо Баҳромов, Ҳақназар Назаров ва Дадахон Қурбоналиев иштирок намуда, шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя мекунанд. Паҳлавони шинохта Ҳақназар Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии мусобиқа мебошад.

Ба барномаи имсолаи бозиҳо 14 намуди варзиш дохил буда, варзишгарон аз 45 кишвари қора дар ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, мусобиқаҳо аз рӯи баскетбол (3х3), варзишҳои обӣ (шиноварии озод ва тӯббозӣ дар об), акватлон, варзиши сабуки соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, кабаддии соҳилӣ, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштини соҳилӣ, қайиқи дракон, ҷиу-ҷитсу, заврақронӣ, шӯхпаймоӣ ва текбол баргузор мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки Бозиҳои соҳилии Осиё бори охир соли 2016 дар Ветнам баргузор гашта буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД