Arzon march 2024
1000 пирях дар Тоҷикистон об шуд
333


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

«Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида мегардад. Дар чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст», — изҳори нигаронӣ намуданд Пешвои миллат.

Тоҷикистон кишвари саноатӣ набуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии партовҳои гулхонаӣ ночиз аст. Маҳз ба ҳамин хотир ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирии ҳамаҷониба ёфт ва тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумӣ, аз соли оянда сар карда, 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД