arzon replenishment
12 -маслиҳати муфид ба занҳои танҳо
15.10.2022
ОИЛА
3659

 

Сӯҳбатҳои мо ҳамеша сари мавзӯҳое сурат мегирад, ки ба хонумҳои оиладор дахл дорад. Ин навбат сари танҳоӣ ҳарф мезанем…

1. Танҳоӣ ҳаргиз боиси озору таънаву эрод набояд бошад, зеро аз шахси нолоиқ дида, танҳоӣ садҳо бор беҳтар аст.

2. Аз тарси танҳоӣ ба ҳар нафари пешомада муносибат барқарор накунед, на ҳар кас шоистаи дӯстӣ ва дӯстдорист.

3. Ҳеҷ гоҳ, мешунавӣ? Ҳеҷ гоҳ аз касе лутфу муҳаббат гадоӣ накун, танҳоӣ беҳтар аз гадоии муҳаббат аст.

4. Ба касе вобаста нашав, ба нафаре, ки ҳеҷ гоҳ наметавонад танҳоии туро барҳам занад, вобаста шудан аблаҳист.

5. Зани танҳо ба касе такя намекунад, аз касе чизеро интизор нест, аз ин рӯ, қавиирода ва мушкилнописанд аст.

6. Ҳеҷ гоҳ ба хотири марде ва аз танҳоӣ раҳидан аз фарзандони хурдсолат рӯй магардон, марде, ки дӯст дорад, фарзандонатро низ қабул дорад.

7. Ба хотири танҳо намондан, озору таҳқиру хушунатро таҳаммул накун, одам як бор ба дунё меояд.

8. Танҳоӣ ҳам зебогиҳои худро дорад, бовар кунед, агар касеро ба ин дунё ворид шудан гузоред, аз мақоли «ҳафт бор чен карда, як бор бур» истифода намоед.

9. Танҳоии хешро сарфи мутолиа, сафар ва машғулиятҳои барои худат судманд сарф намо.

10.   Доираи дӯстони беҳтаринатро ҳеҷ гоҳ тарк накун, мо танҳоӣ гуфта, танҳо муносибати зан ва мардро дар назар дорем.

11.   Дӯстеро, ки танҳоии туро бо ту қисмат мекунад, эҳтиром гузор, зеро ин гунаҳо дар аҳди мо камшуморанд.

12. Танҳоӣ ёри бовафост, зеро хиёнат намекунад.

Худованд, ҳеҷ зане танҳо набошад, вале ҳеҷ гоҳ аз ёдат набарор, ки танҳоӣ фоҷиа нест!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД