arzon replenishment
14-роҳи бофароғат зистан дар хонаи якҳуҷрагӣ
2335

Ҳар як инсон мехоҳад зиндагии бофароғат дошта бошад, аммо сохтани манзили шоҳона на ба ҳар шахс муяссар мегардад. Шумо буду шудатонро сарф карда, хонаи якҳуҷрагӣ харидед ва акнун намедонед чи тавр дар ин манзили кӯчак тамоми чизу чораатонро ҷо ба ҷо кунед? Мо дар ин кор ба шумо ёрӣ мерасонем.
1.Пойафзолгузораки вертикалӣ
Шумо пойафзоли зиёд доред, аммо дар хонаатон ҷой хеле кам аст. Метавонед аз ягон қуттии нолозим пойафзолгузораки вертикалӣ бисозед. Дар пойафзолгузораки худсоз пойафзолатонро ба таври амудӣ ҷойгир кунед.

2. Лавҳаи либосдарзмолкунӣ дар дохили ҷевон
Масъалаи дар куҷо ҷойгир кардани лавҳаи либосдарзмолкунӣ шуморо ҳамеша озор медиҳад? Зиқ нашавед, тахтаи либосдарзмолкуниро ба ҷевони ошхона ё ҷевони либосовезкунӣ насб крадан мумкин аст.

3. Пештоқи тиреза ба ҷойи ҷевон
Пештоқи тирезаро барои нигоҳ доштани ҳар хел ашёҳои хурд истифода бурдан мумкин аст.
4. Либосхушккунаки ивазшаванда
Либосхушккунак бо ҳаҷми бузургаш ҳатто дар ҳуҷраҳои васеъ ҷойи бисёрро мегирад. Барои он, ки дигар ба он пешпо нахӯред, либосхушккунакро дар девори айвонатон насб кунед.


5. Тахтачаи сабзавотрезакунӣ
Дар вақти ҷойгиркунии мебелҳои ошхона аксаран теғаи байни миз халал мерасонад. Метавонед тахтачаи сабзавотрезакуниро дар теғаи миз насб намуда, кори худро осон намоед.
6. Ҷевончаҳои овезон барои нигоҳдории борхалтаҳо
Барои ҷойгир кардани борхалтаҳо дар гардероб ҷой сарф накунед.Қуттиҳои нолозимро ороиш дода ба дари утоқатон насб кунед ва борхалтаҳоро дар он овезон намоед.

7. Оина бо ҷевони махфӣ
Оинаро натанҳо ҳамчун унсури зебоӣ истифода мебаранд. Дар пушти он метавонед ҷевони махсус сохта, доруворӣ ё лавозимоти дигари лозимиатонро ҷойгир кунед.


8. Дастшӯяки ҳамом
Овезон кардан ё насб кардани шкафҳои иловагӣ дар ҳаммоми хурд нороҳаткунанда аст, аммо дар зери дастшӯяк ҷой кардани собуну дастмолҳо имкон дорад. Ба расм бодиққат нигаред ва омӯзед.

7
9.Мизи ороишот ва мизи корӣ ( 2:1)
Дар зери мизи кориатон метавон як рафи мувофиқро насб карда дар он ҷо ороишот ва ҷавоҳироти худро нигоҳ доред, ҳам ҷойи камро мегирад ва ҳам хеле бароҳату дастрас аст.

10.Ҷойи махсус барои нигаҳдории чархҳои мошин
Барои нигоҳ доштани чархҳои мошинатон ҷойи муносиб пайдо намекунед?
Пас дар айвонатон рафи оҳанин насб кунед ва чархҳоро дар он ҷо овезед.
11.Қубурҳои обгузари ошхона
Барои он ки ҷойро сарфакорона истифода баред, ҳама намуди дорупошакҳо ва асбобҳои шустушӯйкуниро дар қубурҳои обгузари ошхонаю ҳамом овезед.
12. Сандуқчаи пойафзолгузорӣ
Сандуқчаи худсоз ҷойи аз ҳама муносиб барои пойафзолгузорӣ мебошад. Онро метавонед дар долон гузоред ва ба сифати курсӣ истифода баред.


13.Рафи зебое, ки ба миз мубаддал мешавад
Албатта, чунин миз барои шахсоне , ки тамоми рӯз дар назди компютер менишинанд, мувофиқ нест, зеро он мисли мизи муқаррарӣ қулай нест, аммо барои кори кӯтоҳмуддат дар компютер метавонед истифодааш кунед.
14. Ҷевони чархдор
Дар байни яхдон ва девори ошхонаатон ҷойи холигӣ вуҷуд дошта бошад, метавонед онро бо гузоштани ҷевони ҳаракаткунанда пур намоед. Қуттии равған ва бонкаҳои консерваатонро дар рафҳои ин ҷевон озодона ҷойгир карда метавонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД