sebiston july new
Ниқобҳои хонагӣ аз асал барои рӯй ва мӯй
18.06.2019
НИГОРА
1728

 

Асал маҳсулоти беҳтарини табиӣ аст, ки пиршавии пӯстро ба таъхир гузошта метавонад. Дар Мисри қадим ва Ҳиндустон занҳо ҳамарӯза ширу асалро якҷоя карда ба пӯсти рӯяшон мемолиданд, то ки ҷавону зебо бимонанд. Олимони муосир таркиби асалро ҳамаҷониба омӯхта ба хулосае омаданд, ки бонувони замони қадим хато намекардаанд. Асал дар ҳақиқат хусусиятҳои зебоиофарӣ дорад. Барои исботи ин гуфтаҳо, имрӯз мо чанд ниқоби асалинро ба шумо пешкаш месозем.
 

Ниқоби нармкунанда
Як қошуқ кефир, як қошуқча асал ва зардии як дона тухмро бо ҳам лат зада ба пӯсти тозаи рӯятон молед ва тақрибан 20 дақиқа нигоҳ доред. Пасон метавонед бо оби ширгарм шустушӯ кунед.

 Ниқоб барои мӯй
Ниқоби мазкур мӯйҳоро тоза мекунад, ҳамчунин ҷойи шампунро гирифта, иллатҳои сарро бартараф месозад. 2 қошуқ асалро бо 2 қошуқ шири гарм, 1 қошуқча равғани растанӣ ва мағзи ду пора хлеби сиёҳ то яклухт шуданаш лат занед. Маҳлули омодашударо муддати 5 дақиқа ба решаҳои мӯятон моледу баъдан бо рӯймоли ғафс ё сачоқ саратонро печонед. 15 дақиқа пас метавонед саратонро шӯед.

 Асалоби муъҷизанок
Як қошуқ асалро дар як литр об ҳал кунонида, мӯйи саратонро бо он чайқонед, баъдан саратонро бо сачоқ печонда, як соат истед. Баъдан бо оби ширгарме, ки ба он як қошуқча шарбати лимӯ илова шудааст, мӯйҳоятонро обгардон кунед. Ин амалиёт мӯйро ҷилонок месозад.

 Асал-давои нараки пӯст
Қабл аз хоб дар чӯбчаи пахтадор каме асал гирифта ба нараки рӯятон моледу шабона нигоҳ доред. Ба асал метавонед чанд қатра равғани лавандаро илова намоед.

 Мушкоб барои бадан
Мушкоби асалинро барои онҳое тавсия медиҳем, ки пӯсти баданашон хушк аст. Як қошуқ асалро бо як қошуқча равғани зайтун ва як қошуқча шарбати лимӯ омезед. Мушкоби тайёршударо ба бадан молида, 20 дақиқа нигоҳ доред, баъдан бо оби ширгарм танатонро бишӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД