15 самбочии тоҷик дар Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунанд
Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 6–8-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор мешавад, муайян гардид. Дар ин мусобиқа кишварро 15 варзишгар дар се бахш намояндагӣ хоҳанд кард.
Тавре маълум аст, паҳлавонони тоҷик дар риштаҳои самбои варзишӣ байни мардон, самбои нобино (SV-1) ва самбои размӣ байни мардон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар бахши самбои варзишӣ ҳафт варзишгар иштирок мекунанд:
▪️ Акмалиддин Каримов то 58 кг
▪️ Идибеки Амиршоҳ то 64 кг
▪️ Сафияллоҳ Ҳикматов то 71 кг
▪️ Убайдӣ Диваштич то 79 кг
▪️ Зафар Олимшоев то 88 кг
▪️ Комроншоҳи Устопириён то 98 кг
▪️ Некрӯзшоҳи Некбахтзода беш аз 98 кг
Дар самбои нобино (SV-1) Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд:
▪️ Шоҳрух Назаров то 79 кг
▪️ Раҷаб Ҳусейнов то 98 кг
Ҳамзамон, дар бахши самбои размӣ шаш варзишгари тоҷик ба майдон мебароянд:
▪️ Сиёвуш Солиҳов то 58 кг
▪️ Хуршед Назаров то 64 кг
▪️ Худоёр Раҷабзода то 71 кг
▪️ Рамазон Ҷӯмаев то 79 кг
▪️ Холид Толибзода то 88 кг
▪️ Худобахш Расулов то 98 кг
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар се бахши Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо ҳайати 15-нафара иштирок карда, барои ба даст овардани медалҳо мубориза мебарад.