Дар шаҳри Ҳисор дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ ба оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар ниёзмандон дар ҳаҷми 16 миллиону 24, 9 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода маълумот дод.
Табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи МИҲД-и шаҳри Ҳисор қарор дошта, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба таври ройгон ба 31 нафар аробачаи маъюбӣ ва ба 19 нафар асабоғал ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ дастрас карда шудааст.