Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон 17 мухлиси футбол барои муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, пас аз нашри навори муноқишаи мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони милитсия барои муайян кардани шахсони иштирокчии ҳодиса чораҳои дахлдор андешидаанд.
Дар натиҷа, нисбати 17 нафар тибқи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Бо қарори суд ҳар кадоми онҳо ба муҳлати панҷ шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки чорабиниҳои варзишӣ бояд ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байни шаҳрвандон мусоидат намоянд. Ҳама гуна муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои варзишӣ тибқи қонунгузорӣ баррасӣ гардида, нисбат ба қонуншиканон чораҳои дахлдор андешида мешаванд.