arzon replenishment
20-нишонаи ошиқ будани мард ба зан
1135

 

Шумо ба муҳаббати ошиқатон шубҳа доред? Мехоҳед нерӯи муҳаббати ӯро муайян намоед? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед! Мо дар бораи нишонаҳои асосии занро самимона дӯст доштани мард маълумот медиҳем.

1. Марди ошиқ зуд-зуд изҳори муҳаббат мекунад. Исботи ҳақиқию самимӣ будани гапаш дар он аст, ки ин суханонро на дар бистар, балки дар рӯ ба рӯятон мегӯяд.

2. Марде, ки дӯст медорад, ҳатто агар гунаҳкор бошед ҳам, ҳеҷ гоҳ садо баланд намекунад ва ба саратон дод намезанад.

3. Марди дилдода бо вуҷуди ҳарфи ноҷо гуфтану рафтори ноҷо карданаш занро паст намезанад.

4. Мард, агар занро дар ҳақиқат дӯст дорад, дар лаҳзаи зарурӣ дарҳол ба кӯмак мешитобад. Имконияти расонидани кӯмаки молӣ надошта бошад, маслиҳат медиҳад.

5. Муҳаббати ҳақиқӣ тоби шантаж ва порахӯриро надорад. Марди дӯстдор хеле хуб медонад, ки занро харидан не, хушбахт кардан лозим аст, чунки сазовори хушбахтист.

6. Марди ошиқ бонуи дӯстдоштаашро бо паёмакҳои гарму самимӣ шод мегардонад.

7. Марди дилдода дар корҳои хона ба занаш кӯмак марасонад, зарф мешӯяд, чангҳои хонаро мегирад…

8. Марди дилдода то андозае меҳрубону ғамхор мешавад, ки ба ҳар кори маҳбубааш дасти ёрӣ дароз мекунад. Барои нозу нузи дилбарашро бардоштан ягон тинашро дареғ намедорад.

9. Марде, ки воқеъан занро дӯст медорад, бо бонуи дилаш ба кӯча баромада аз афту либоси ӯ шарм намедорад. Вай бонуяшро бо тамоми каму косташ қабул намуда, ҳамин чизро аз атрофиён низ тақозо мекунад.

10.   Мард, агар занеро дар ҳақиқат дӯст дорад, мабодо зани дигаре ӯро ба дом афтониданӣ шавад, ба ғазаб меояд, чунки аз дӯстдоштааш бонуи беҳтарро намебинад.

11.   Марди ошиқ бо вуҷуди бадрашк буданаш бо ин одати аҳриманӣ занро ҷонбезор намекунад. Эътимодаш қавӣ аст, ки зани дӯстдоштааш ҳаргиз хиёнат намекунад.

12.   Марди дилдода ба ҳеҷ ваҷҳ аз дӯстдоштааш даст намекашад!

13. Марди ошиқ ҳатто нимашаб омода аст, ки бо маликаи орзуҳояш ба хонаи ақди никоҳ шитобад.

14.   Марде, ки дӯст медорад, мабодо зан фарбеҳ шавад ҳам, ӯро танқид намекунад.

15. Вақте мард дӯст медорад, на ба доғзои рӯйи зан нигоҳ мекунаду на ба наракҳои бешумор ва на ба пӯсти сӯхтаву чинҳои намоён, новобаста ба ҳусну ҷамол доштан ё надоштанаш вай ин занро самимонаю содиқона дӯст мдеорад.

16.   Мард, агар воқеъан ошиқ бошад, хислату хӯй ва камбудиву нуқсонҳои зан оташи муҳаббати ӯро хомӯш намесозад.

17.   Марди ошиқ барои хушбахт гардонидани бонуяш ба ҳама кор қодир аст, лозим шавад дар 5-6 ҷой кор карда, арақи ҷабин мерезад, то азизи дилаш ҳамаҷиҳата таъмин бошад.

18.   Марди ошиқ хушгапу шеъргӯ мешавад ва тез-тез ба азизи дилаш гул тақдим мекунад.

19. Марди ошиқ бо хоҳиши дӯстдоштааш широб ва сигорро партофта метавонад.

20.   Марде, ки занро аз таҳти дил дӯст медорад, чи қадаре лозим бошад, бонуи дӯстдоштаашро тори сар мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД