shoh palace
22 ФОИДАИ БАНАН
29.06.2021
Оила
4516

 

1. Банан барои нафароне, ки дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор доранд, фоидабахш аст.

2. Банан ягона мевае мебошад, ки ҳатто кӯдакон аз он аллергия надоранд.

3. Банан дар таркиби худ калсий дорад. Барои бақувват кардани мушакҳои бадан манфиат дорад.

4. Барои беҳтар кардани кори рӯдаҳо тавсия дода мешавад.

5. Барои қабзияти рӯда (запор) фоида дорад.

6. Банан барои нафароне, ки зуд-зуд зардаҷӯш мешаванд, тавсия дода мешавад.

7. Банан барои табобати захми меъда (язва желудка) фоида дорад.

8. Ҳангоми дарунрав (диарея) тавсия дода мешавад.

9. Дар таркиби банан калий зиёд аст ва барои нафароне, ки бо варзиш машғуланд, манфиати зиёд дорад.

10. Барои кам кардани варами пой кӯмак мекунад.

11. Қабл аз машқи бадан як дона банан истеъмол намоед.

12. Барои беҳтар шудани кори узвҳои ҳозима манфиат дорад.

13. Барои занҳо ҳангоми ҳайз, ки бо сабаби шамолхӯрии бачадон бо дард мегузаронанд, тавсия дода мешавад.

14. Нафароне, ки ба бемории камхунӣ гирифторанд, ҳар рӯз як донагӣ банан истеъмол кунанд, бо сабаби оҳани зиёд доштанаш таъсирбахш аст.

15. Барои беморони қалб ва фишори хун фоидаовар аст.

16. Масуниятро баланд мебардорад.

17. Барои санги гурда ва намакро аз гурда хориҷ кардан фоида дорад.

18. Ҳангоми дилбеҳузурӣ, хусусан барои “токсикоз”-и занони ҳомиладор тавсия дода мешавад.

19. Барои хоришак, баъди газидани ҳашарот, аз ҷумла хомӯшак, пучоқи бананро муддати 10 дақиқа дар ҷойи газидаи ҳашарот бастан лозим аст.

20. Банан хусусияти паст кардани ҳарорати баланди баданро дар ҳавои гарм дорад.

21. Одамоне, ки аз одати сигоркашӣ даст кашидан мехоҳанд, бояд банан истеъмол намоянд. Банан дар таркиби худ калий ва магний дорад.

22. Қобилияти ақлонии инсонро баланд мебардорад.

Вале фаромӯш набояд кард, ки ба беморони диабети қанд хӯрдани банан мумкин нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД