formula55
22-зани нашъаманд дар Суғд
884

 

Занро фаришта ва олиҳаи пок мехонанд, вале бадбахтона бонувони беандешае ҳастанд, ки даст ба амалҳои ноҷо задаву по аз роҳи рост берун ниҳода ба номи муқаддаси зан-модар иснод меоранд.

Солҳои охир рӯ ба майзадагӣ, авбошӣ ва нашъамандӣ барин амалҳои нораво задани иддае аз занону духтарон далели равшани ин гуфтаҳост.

Шумораи нашъамандон дар Вилояти Суғд 873 нафарро ташкил медиҳад. Ин омори солонаи соли 2021 ва семоҳаи 2022 аст. Бино ба иттилои масъулини тандурустии вилояти Суғд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 адад кам шудааст, аммо ташвишовар он аст, ки аз ин шумора 22 нафарро занҳои нашъаманд ташкил медиҳанд.

Бино ба гуфти духтури нарколог Шавкат Мирбобозода аз 873 нафар нашъмандон 851 мардон ва 22 нафаридигарашон занон мебошанд, ки боиси таассуф аст.

Мирбобзода мегӯяд, дар МНВС дар 3 моҳи соли ҷорӣ 108 нафар аз ташкхиси судӣ-наркологӣ гузаронида шуда, аз ин миён дар 10 нафар гирифторӣ ба нашъмандӣ тасдиқ шудааст.


Дорӯ ба ҷойи героин

Ба гуфти Мирбобозода ҳоло миёни гирифторони нашъамандӣ истифодаи кам андарк ами афюн ва нашъаву ҳероин сурат гирифта,нашъамандон роҳи дигарро пеш гирифтаанд. Барои қонеъ кардани кайфияти худ онҳо аз дорӯ истифода мебаранд. Сомнол, Метадон ва ҳатто Димидрол-инҳо ҳабҳое ҳастанд, ки нашъмандон миқдори зиёди онро ба якборагӣ истеъмол карда “дарди худро даво мебахшанд”. Дорӯҳои мазкур дар таркибашон моддаеро, ки дар таркиби маводи нашъадор ҳаст, доранду истеъмолкунандаро муддате хоб бурда, асабаш ором мегирад.
Ба саволи мо оиди он ки чаро фуруши чунин ҳабҳо манъ нест, Шавкат Мирбобозода гуфт:
-Ин доруҳоро танҳо афроди нашъаманд не, балки беморони мавсимӣ аз қабили гирифторони эпилепсия, касалиҳои рӯҳӣ ва ҳатто оадмони солиме, ки гирифтори мушкили бехобӣ гаштаанд, истеъмол мекунанд. Дигар ин ки, манъи фурӯши ин навъи дрӯвор наметавонад пеши роҳи нашъаманднро бигирад, зеро афроди гирифтори нашъамандӣ аз ҳамдигар роҳҳои нав ба нави қонеъ кардани талаботи худро пурсон шуда, усулҳои дигарро пайдо мекунанд, ки ин оқибати хуб надорад.
“Кристал”-и тақдирсӯз

Ба гуфти муттахассисон бештар нашъамандон имрӯз аз ҳабҳои тиракунандаи асаб истифода мебаранд, ки таъсирнокияш аз маводи ҳероин дида чандин маротиба зиёдтар аст.Ба мисоли кристалл. Бисёри беморони дар қайд буда, ба ин намуди доруворӣ одат кардаанд, ки ошкоршавӣ ва табобати бемориро дучанд мушкил месозад. Таъсири чунин ҳабҳо ба мисоли кристал, метадон ва ғайра хеле зиёд буда, афроде, ки аз ин намуди дорӯвор истифода мебаранд, сахт ба он одат мекунанд ва онҳоро аз ин одати баду фалокатовар раҳоӣ бахшидан хеле душвор аст.

Махсусан истифодаи кристал ин шабу рӯзҳо хеле зиёд шуда, нашъамандон бештар онро истеъмол мекунанд. Мирбобозода мегӯяд, дар дорухонаҳо дар фурӯши чунин дорӯҳо маҳдудият бошад ҳам, иддае аз дорӯфурӯшони манфиатҷӯ бо роҳи қочоқ чунин дорӯҳоро ворид менамоянд ва нашъамандон бо рҳҳои пинҳнӣ онҳоро дастрас менамоянд.

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД