Шавҳарам ҳам бегуноҳ будани худро исбот карда натавонист. Лекин ман далел доштам. Ҳамон ангуштарини номдор.
Аз назди шавҳарам баромадаму ба хонаи дигар гузашта, хуни борон гиристам. Аввал аз баҳри ҳама чиз баромада, аз Аҳмад ҷудо шудан хостам. Вале нахостам писарам бепадар калон шавад. Ҳамон вақт худ ба худ қавл додам, ки дигар бо шавҳарам гап намезанам.
Ҳамин тавр муносибати ману шавҳарам дигар шудан гирифт. Ҳар рӯз меомаду оғӯш мекард. Мехост бегуноҳ будани худро исбот кунад. Вале ман бо ӯ қаҳрӣ будам. Гап намезадам.
Хомӯшии ман як ҳафта, ду ҳафта як моҳ, ду моҳ ним сол, як сол давом ёфтан гирифт.
Аз ҳамон рӯз ба шавҳарам дигар гап назадам. Ба қавле қаҳрӣ шудам. Дили шавҳарам ҳам оҳиста-оҳиста аз ман сард шудан гирифт. Хӯрокашро мепухтам, либосашро мешустам, дарзмол мекардам аммо гап намезадам. Аз ин ҳоли мо касе хабар надошт...
- Наход дар як хона дар як бом зиндагӣ карда бо ҳам гап назанед?,- нобоварона гуфт Сайрам.
- Бале Нодираҷон ба гапи ман касе бовар намекунад. Вале мо солҳо бо ҳам қаҳрӣ шудем. Шавҳарам марди асил буд. Намешуд, ки аз баҳри ман баромада ҷавобамро диҳад? Мешуд! Лекин бо умеди "як рӯз ҳамааш нағз мешавад" бо мани ношукру носипосу қаҳрчӣ тоқат карда зиндагӣ кардан гирифт.
Тӯй мешуд зану шавҳар мерафтем. Азо мешуд мерафтем. Бозор мерафтем. Лекин бо ҳамдигар лом намегуфтем. Қаҳрӣ будем...
Аз қаҳрӣ будани мо касе бохабар набуд. Ба қаҳрӣ буданамон нигоҳ накарда ба чашми мардум мо ҳамон оилаи намунавию хушбахт менамудем.
Баъзеҳо аз мо мепурсиданд, ки "навигарӣ" ҳаст? Яъне кай боз фарзандор мешавед? Охир мардум аз куҷо медонистанд, ки мо бо ҳамдигар солҳост, ки қаҳрием. Ҳамин тавр дигар фарзандор ҳам нашудем.
Писарамон панҷсола, даҳсола, понздаҳсола бистсола шуд вале мо ҳамон бо ҳамдигар қаҳрӣ будем. Ӯро зан ҳам додем. Як тӯйи зебо ҳам кардем. Ба тӯю хушбахтиву хушнудии мо ҳама ҳавас мекард.
Албатта душвор аст, дар зери як бом хуфта бо ҳам гап назадан. Аммо мо ба ҳамин одат кардем. Лекин бечора шавҳарам ҳар сол ба зодрӯзам торт меовард. Шояд ба ман оштӣ кардан мехост лекин ман ба рӯяш наменигаристам. Рав тортатро ба ҳамон Нозимаат бар мегуфтам дар дил.
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ