arzon replenishment
#2ЧАШМДОШТ: АЛАМҲОИ ЗИНДАҶУДОӢ АЗ ВОЛИДАЙН ВА ДАРДИ ДИЛИ ЗАФАРИ МУҲОҶИР
2001
#2ЧАШМДОШТ: АЛАМҲОИ ЗИНДАҶУДОӢ АЗ ВОЛИДАЙН ВА ДАРДИ ДИЛИ ЗАФАРИ МУҲОҶИР

Зафар муҳоҷир аст. Ӯ рӯзгорашро аз ин ҳисоб пеш мебурд ва фарзандонашро бо нони муҳоҷирӣ калон мекард. Чанд сол дар Русия буд. Чанд соли дигар дар Қазоқистон зиндагиву кор кард. Ин ҳама талошҳо ба хотири он буд, ки соҳиби сарпаноҳ шавад ва зану фарзандонашро ба хонаи худашон барад, зеро иҷорашиниву дарбадарӣ ба ҷонашон зада буд, вале кораш омад накард.

Дар мулки рус ӯ гирифтори бемории грижаи сутунмуҳра шуд. Акнун бори вазнин бардошта наметавонист ва бекор монд. Ҳамкорони тоҷику қазоқ кӯмакаш мекарданд. Баъд пандемия сар шуд ва болои сӯзиши қалби Зафар намакоб гашт.

Дар кишвар падару модари зору зану фарзанди ҳайрон интизори пули ӯ буданд, вале ин муҳоҷирбачаи тоҷик тавони пулкоркунӣ надошт.

Моҳи сентябр ҳамватанон дастгириаш намуда, тавассути парвози чартерӣ ба Тоҷикистон фиристоданаш. Як моҳ боз иҷора ба иҷора мегардаду баъзан шабҳоро ҳамроҳи оила гурусна саҳар мекунад. Дарди дили ин муҳоҷири аламзадаро дар нашри дуюми барномаи “Чашмдошт” тамошо кунед.

Аз идора: Шахсоне, ки ба ин нафар кӯмак кардан мехоҳанд, метавонанд бо рақами 930930031 (Зафар Шамсов) тамос гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД