formula
40 сол сӯзан дар майнаи сар
1014

 

Сокини 41-солаи шаҳри Сзинани Чин, 20 сол қабл ба дарде гирифтор шуд, ба зӯр дасту пойҳояшро ҳаракат медод. Ба дари даҳҳо беморхонаву дармонгоҳҳо рӯи ниёз овард. Вале ягон табиб давои дарди ӯро наёфт.

Билохира, як табиби шаҳри Пекин, ки зани азияткашида ба вай муроҷиат намуд, сабаби бемориашро муайян намуд. Тавре маълум шуд, 40 сол муқаддам, замони тифлии зан ба устухони сари ҳанӯз шахнашудаи зан сӯзане чун неши занбӯр фурӯ рафтааст. Баъди 20 сол сараш ба дард даровад ва ӯ 20 соли дигар дар азоб буд. Танҳо баъди аз сараш берун овардани сӯзан зан оҳи сабук кашид, зеро дард дарҳол аз ҷисмаш гум шуд.

Ба қавли табиб, сӯзан ба як ҳуҷайраи майнаи сар, ки вазифаи ҳаракатро идора мекунад, фишор дода, дарди ҷонгудозро падид меовардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД