Muhojirati behatar
5-маҳсулоте, ки занро зебо месозанд
729


Аксари хонумҳ аз равғанин будани пӯсти рӯяшон шикоят мекунанд, зеро ин навъи пӯст мушкилоти зиёде дошта, боиси баромадани наракҳо, арақкунии зиёд ва ҷили равғанин мегардад, ки нофорам аст.

Пӯсти равғанин аслан дар инсон аз батни модар ташаккул меёбад, вале боз бо сабабҳои зерин: тағйироти ҳормонӣ, фишори руҳӣ, бемориҳо, ивазшавии иқлим ва ғайра низпӯсти хушк метавонад ба равғанин мубаддал гардад. Ҳар маҳсулоту ғизое, ки мо тановул мекунем, таъсир худро ба ҳолати пӯсти инсон мерасонад. Агар пӯсти рӯятон равғанин бошад, истеъмол намудани 5 маҳсулотро тавсия намедиҳем.


                              Маҳсулоти ширӣ
Шир, яхмос, панирҳои равғанин, йогурт-аз истеъмоли маҳсулоти номбаршуда худдорӣ намудан амри маҳол аст, вале онро кам хӯрдан лозим аст. Гап сари он меравад, ки маҳсулоти номбаршуда кори ғадудҳои чарбиро фаъол месозад ва маҳз ҳамин ҳолат барои пӯсти равғанин зарарнок аст. Барои муайян намудани он ки кадоме аз маҳсулоти ширӣ ба ҳолати пӯст зарар мерасонад, ҳар як маҳсулотро бо навбат истеъмол намуда, ғизои ба шумо зарароварашро фаҳмидан мумкин аст. Агар пӯсти рӯятон равғанин бошаду баъди истеъмоли яке аз маҳсулоти номбаршуда сурхӣ пайдо кунад, бояд аз истеъмоли ин хӯрданиҳо худдорӣ намоед.

Гӯшти чорво


Гӯшти гов, гӯшти гӯсфанд ва ҳасибро ба бонувони пӯсташон равғанин тавсия намедиҳем. Агар шумо хӯроки бе гӯштро хӯрда наметавониста бошед, гӯшти чорворо бо гӯшти мурғ ва маҳсулоти баҳрӣ бо навбат истеъмол кунед. Гӯштро беҳтараш дар буғ пазед. Дар равғани зиёд бирён кардани гӯшт ба бонувони пӯсташон равғанин қатъиян манъ аст.

Ширинӣ

Ширинихӯрӣ яке аз сабабҳои маъмултарини сар задани мушкилоти пӯсти рӯй аст. Дар таркиби қанд сафедаи IGF-1 — ҳормони инсулиншакл вуҷуд дорад, ки коркарди чарбро зиёд мекунад. Дар сурати зиёд истеъмол кардани ширинӣ, чарб дар пӯст зиёд ҷудо мешавад. Агар шумо шир ва гӯштро истеъмол накунеду ширинӣ хӯрдан гиред, ба натиҷаи дилхоҳ расидан душвор аст.

                                    Намак
Зиёд истеъмол кардани хӯроки шӯр боиси беобшавии ҷисм мегардад, дар ин ҳолат ҷисм обро захира кардан мегирад. Дар натиҷаи оби зиёд нӯшидан пӯсти атрофи чашм халта мезанад. Пӯст низ бо мақсади худмуҳофизаткунӣ чарби зиёд хориҷ мекунад. Аз ин рӯ, маҳсулоти очонидашуда, фаст-фуд ва намакхӯрдаро кам истеъмол кунед.

                                     Чӣ бояд хӯрд?
Дар баробари маҳсулоти манъшуда хӯрданиҳое низ ҳаст, ки истеъмолаш барои бонувони пӯсташон равғанин мумкин аст. Гап сари мева ва сабзиҷоти зерин меравад: афлесун, карам, шафтолу, қаланфури булғорӣ, зардолу. Тамоми ин меваву сабзиҷот дорои витамини С мебошад, ки барои пӯст хеле зарур аст. Фаромӯш насозед, ки пӯсти равғанин дер пир мешавад. Чину ожанг, доғҳои пигментӣ ва тағйиротҳои синнусолӣ дар пӯсти равғанин назар ба бонувони пӯсташон хушк хеле дер пайдо мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД