arzon replenishment
5-роҳи бо табъи болида гузаронидани зимистон
843

Ҳавои хунук, вазиши шамол ва тез-тез боридани борону барф ба кас таъсири ногувор мерасонад.

Аз ҳамин сабаб аксари одамон дар фасли зимистон дамдузду қавоқӣ шуда, дасташон ба коре пеш намеравад. Дар чунин хунукӣ кас мехоҳад аз хонаи гармаш берун набарояд, аммо ҳаёт идома дорад ва барои пеш бурдани зиндагӣ бояд талош намуд. Имрӯз мо ба шумо 5 маслиҳати судмандеро пешкаш менамоем, ки дар фасли сармо низ ба кас табъи болида мебахшанд.

Ба ғизои худ триптофон илова кунед

Дар фасли зимистон ҳатман ба ғизои худ триптофон илова кардан лозим аст. Ҷисми инсон дар айёми сармо ба ин аминокистлотаҳо талаботи бештар дорад. Он дар таркиби панири сафед, соя, навъҳои равғанини моҳӣ ва донагиҳо, аз ҷумла кунҷид ва донаки офтобпараст зиёд аст.

Витамини D-ро фаромӯш накунед!

Ин витамин дар болида нигоҳ доштани табъи инсон нақши муҳим дорад. Дар фасли тобистон ҷисми инсон аз нури офтоб низ витамини D гирифта метавонад, вале дар зимистон на ҳамеша чунин имкон даст медиҳад. Аз ҳамин хотир дар зарурат бо тавсияи табибон витамини мазкурро дар шакли ҳаб қабул кардан лозим аст.

Мандарин ва хурмо хӯред!

Маъмулан дар фасли зимистон нархи мевагӣ боло меравад ва на ҳама имконияти харидани меваро доранд. Аммо мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки ақаллан меваҳои мавсимиро аз ғизои худ берун насозед. Хӯрдани мандарин, хурмо, анор ва гулкарам дар фасли зимистон бениҳоят муфид буда, натанҳо ба саломатии шумо фоида дорад, балки табъатонро низ болида мегардонад.

Реҷаи хобро вайрон накунед!

Барои он ки табъи инсон болида бошад, аз хоб сер карданаш лозим. Кӯшиш кунед, ки ҳар шаб дар як вақт сар ба болин ниҳода дар як вақт аз хоб хезед. Меъёри миёнаи хоб 6-8 соат мебошад. Гуфтагӣ барин, шабона хӯрокҳои сахт ва серравған нахӯред, чунки ҳазм намудани чунин хӯрокҳо душвор буда, ба меъда вазнинӣ мекунад.

Бо машқи бадан машғул шавед!

Машқҳои ҷисмонӣ барои саломатӣ муфид буда, имкон медиҳанд, ки шумо қомати мавзуни худро нигоҳ дорад. Вақти ба спорт-зал рафтан надошта бошед, дар хона ҳар пагоҳӣ ақаллан ним соат машқ кунед ё дар ҳавои тоза сайругашт намоед. Пиёдагардӣ табъи касро болида гардонида, барои саломатӣ низ манфиатҳои зиёде дорад.

Умедворем, ки ба тавсияҳои мо риоя намуда, шумо фасли зимистонро бо табъи болида мегузаронед. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД