formula
5 СИТОРАИ КИНО,КИ ТАСОДУФАН АКТЁР ШУДАНД
670


Олами санъату ҳунар, хоса актёрӣ аз кас маҳорату истеъдоди худододро талаб мекунад. Баъзе ҳунармандоне ҳастанд, ки аз актёрӣ маълумоти олӣ надошта бошанд ҳам аз ҳунарнамоии онҳо дар филм кас дар ҳайрат мемонад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи чанд ситораи синамо маълумот медиҳем, ки дар асл маълумоти актёрӣ надоранд.

Бурак Озчивит-моделе, ки ситораи ҷаҳонӣ гашт

Бурак Озчивит маълумоти махсуси актёрӣ надорад. Вай тасодуфан ба олами синамо ворид шудааст. Чун модели муваффақ буд, ӯро ба синамо ҷалб кардаанд. Бурак соли 2003 беҳтарин модели Туркия шуда, соли 2005 дар озмуни "Беҳтарин модели ҷаҳон" соҳиби ҳамин унвон гашт.

Албатта, муваффақияташ дар ҷодаи мӯд барои ба олами кино ворид шудани Бурак мусоидат кард. Ин ҳунарманди маъруфи турк бештар бо нақшофарияш дар филмҳои таърихӣ ба дили мухлисон роҳ ёфтааст. Машҳуртарин образҳои офаридааш нақши Бали Бей аз силсилафилми "Сад соли боҳашамат" ва Усмон аз сериали "Ҳукмдор Усмон" мебошад.

Фахрия Эвҷен-таърихшинос,
ҷомеъашинос ва ситораи кино

Тақдири Фахрия Эвҷен низ ба ҳамсари Бурак Озчивит монанд аст. Ин бонуи пурҳунар низ дар асл модел мебошад, вале ба хотири чеҳраи амсоли фаришта зебояш коргардонҳо ӯро ба синамо даъват карданд. Ӯ дорои ду маълумоти олӣ мебошад. Фахрия Эвҷен дар Донишгоҳи Ҳейнрих Ҳейни Дюсселдорф дар риштаи ҷомеъашиносӣ таҳсил мекард ва баъди ба Туркия кӯч бастан таҳсилашро дар риштаи таърихи Донишгоҳи Босфор идома дод. Имрӯз номи ин зебосанам низ дар қатори ҳунарпешагони маъруфи Туркия қарор дорад.

Ҳанде Эрчел чи тавр ба синамо омад?

Ҳанде Эрчел низ маълумоти актёрӣ надорад, вале бо вуҷуди ин яке аз актриссаҳои боистеъдодтарини Туркия ба ҳисоб меравад. Бархе бар он ақидаанд, ки Ханде Эрчелро на аз рӯйи маҳорати актёрӣ, балки барои намуди зебои зоҳириаш ба филмҳо ҷалб мекунанд, аммо худи ҳунарпеша дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мутмаин аст, ки ҳангоми интихоб кардани актриса пеш аз ҳама ба симояш не, балки ба муваффақияту истеъдоди ӯ эътибор додан лозим аст. Ханда Эрчелро махсусан филми "Тамоман дигар" машҳур гардонд, ки дар он нақши Лайлиро олиҷаноб бозидааст.

Киванч Татлитуғ ситораи варзиш мешуд, агар...

Дар аввал Киванч мехост ҳаёти худро бо варзиш пайвандад. Орзуи ӯ баскетболбоз шудан буд, аммо як ҷароҳати вазнини бардоштааш ҳама чизро тағйир дод. Пас аз ин вай ҳам касби моделиро интихоб кард. Соли 2001 бо намояндагони ин соҳа ҳамкории зичро ба роҳ монд. Мавсуф дар соли 2002 ғолиби озмуни “Беҳтарин модели Туркия” шуд.

Пас аз ин Киванчро ба филмҳои туркӣ даъват мекардагӣ шуданд ва ҳамин тавр бо мурури замон ба қатори ситораҳои синамои Туркия дохил шуд.
Киванч Татлитуғ дар Донишгоҳи фарҳанги Истанбул дар риштаи тарроҳии коммуникатсия, ВАО ва синамо таҳсил кардааст.

Арас Булут Ийнемли-инженери
авиатсия ва ситораи синамо

Арас Булут, ки пас аз иҷрои нақши шоҳзода Боязид дар филми "Сад соли боҳашамат" дар тамоми ҷаҳон машҳур шуд, дар оилаи ҳунарпешагон ба воя расидааст, вале тааҷҷубовар он аст, ки модараш намехост Арас ба вай пайравӣ кунад. Арас ба гуфтаи модараш итоат карда, ба Донишгоҳи техникии Истанбул дохил шуд ва дар риштаи муҳандисии авиатсионӣ таҳсил кард, аммо тақдир ӯро билохира ба олами синамо овард.
Ба ӯ шарафи бозидани нақши Отатурк дар сериали ҳамномаш мушарраф шудааст. Отатурк шахсияти асосӣ барои мардуми турк аст, аз ин рӯ зинда кардани чеҳраи ӯ дар экран орзуи бузургест, ки на ба ҳар ҳунарманд даст медиҳад. Бисёр ҳунармандони касбии турк орзу мекарданд, ки ақалан ягон нақши кӯчакро дар ин филм бибозанд, вале ба Арас муяссар гашт, ки образи худи Отатуркро офарад. Бозидани чунин нақши пуршараф Арас Булутро ба қатори ситораҳои дурахшони Туркия дохил кард.
Натанҳо дар соҳаи синамо, балки дар дигар самтҳо низ шахсиятҳои машҳуре ҳастанд, ки аз рӯйи касби доштаашон таҳсил надида бошанд ҳам, хеле муваффақ ва машҳури олам гаштаанд. Муҳим хоҳиш ва ҳунару истеъдод аст, на диплом.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД