arzon replenishment
5-тоифаи занҳо, ки мардро гурезон мекунанд
1091



Ҳусну ҷамоли зан қувваи бузургест, ки дилхоҳ мардро бе банд як умр пойбанди худ месозад, вале занҳое низ ҳастанд, ки мисли парӣ зебо ва ҳатто соҳибмақому сарватманд ва бо обрӯ бошанд ҳам, ягон мард то охир дар канорашон намемонад.

Ин тоифаи занҳо дили мардеро ёфта ба шавҳар бароянд ҳам, хушбахтии оилавиашон дер давом намекунад. Пас аз чанде хислату хӯйи зан рӯйи об мебарояд ва мард хатои худро дарк намуда, рӯ ба гурез мениҳад. Панду насиҳати калонсолон ва ҳатто ду-се фарзанд доштан низ пеши роҳи мардро гирифта наметавонад, зеро ӯ мехоҳад ҳарчи зудтар аз ин зан халос шавад.

Маъмулан зани танҳо монда тамоми гуноҳро ба сари мард бор карда, заррае фикр намекунад, ки сабабгори асосии дилхунук гаштани мард худи ӯст. Барои он ки чунин ҳол ба сари шумо-бонувони азиз наояд, рӯйхати хислатҳои бади занонаро пешкашатон месозем, ки мардро гурезон мекунанд.

Мардҳо аз зани пулпараст мегурезанд

Дар дунё чизе ба мисли зани пулпараст мардро гурезон карда наметавонад. Маъмулан ин тоифаи занҳо ҳамеша аз паси “шикор» кардани мардҳои пулдор ҳастанд. Зане, ки ошиқи пул аст, аз рӯзи аввали вохӯрӣ дар бораи вазъи иқтисодии мард маълумот меҷӯяд. Мардони сарватманд чӣ тавр ба доми зани пулпараст афтиданашонро худашон ҳам нафаҳмида мемонанд, чунки ин тоифаи занҳо маккора буда, сад рӯй доранд. Дар оғоз зани пулпараст чун шикорчии моҳир барои ба дом афтонидани сайдаш бисёр зиракона рафтор карда, тавре вонамуд мекунанд, ки гӯё ин мардро аз ҷонашон бештар дӯст медорад. Мардони пулдори ҳушёре ҳастанд, ки ба зудӣ асли ин бонуро пай бурда, худро аз зани пулпараст дар канор мегиранд, вале на ҳама мардҳо чунин одамшинос ҳастанд. Рафту мард хонуми пулпарастро аз ҷонаш бештар дӯст дошта ба занӣ бигирад, вой бар ҳолаш. Ин зан оқибат ӯро хонасалот мекунад. Мардоне, ки шаттаи зани пулпарастро хӯрдаанд, минбаъд ҳангоми муносибат бо хонумҳо бисёр эҳтиёткор ва камгапу зихна мешаванд.

2. «Зани яхӣ”-қуллае, ки фатҳ карданаш душвор аст

Маъмулан “занҳои яхӣ” мисли моделҳо қаду қомати олиҷаноб, вале нигоҳи ботакаббур доранд. Ин тоифаи бонувон худро аз дигарон як сару гардан боло мешуморанд. Зан худ нафаҳмида бо рафтораш ба мард мефаҳмонад, ки барои ба даст овардани дили сарди ӯ кӯшиши зиёде ба харҷ доданаш лозим меояд. Мардҳо медонанд, ки барои ба даст овардани дили ин хонуми мағрур бояд хеле ҷон коҳонда, чизҳои беҳтаринро муҳайё намояд, то зан каме нарм шуда, даричаи дилашро барои муҳаббати ӯ боз намояд. Аз зани зебову мағрур гурехтани мард маънои онро надорад, ки мардҳо мехоҳанд бонувонро ба осонӣ ба домашон афтонанд, мард намехоҳад вақти пурқимати худро барабас сарф намояд, зеро боварӣ надорад, ки хонуми сангдил дар зиндагӣ нисбат ба ӯ меҳрубон хоҳад гашт. Тамоми мардони рӯйи замин зани меҳрубону ғамхор мехоҳанд, аз ҳамин хотир риштаи тақдирашонро бо зани мағруру худхоҳ пайвастан намехоҳанд.

3. Зан не, агенти гестапо

Ин тоифаи занҳо мехоҳанд мардро пурра аз худ намоянд. Ҳар дақиқа ба мардашон занг мезананд, паёмак менависанд. Онҳо ба таври худ нисбати мард ғамхорӣ зоҳир менамоянд, вале шилқинии зан мардро гурезон мекунад. Марди ба ҷон расида мехоҳад аз дасти ин зан ба ягон сайёраи дигар фирор намояд. Зиндагӣ бо зани хираю шилқин барои мард баробари марг аст. Фаромӯш накунед, ки зан бояд қадру қимати худро донад ва ҳеҷ гоҳ озодии мардро маҳдуд насозад.

4. Зани содда ғаши мардро меорад

Ин тоифаи бонувон гумон мекунанд, ки бо меҳрубониву бӯсу канор мардро ба дом афтонда, як умр пойбанд кардан мумкин аст, вале дар асл мардҳо чунин занҳоро танҳо барои вақтхушӣ истифода мебаранд. Мардони бамаънӣ аз занҳои содаву зудбовар худро дур мегиранд. Ҳамаи мардон мехоҳанд дар ҷамъият обрӯву нуфуз дошта бошанд. Мард беҳтарин лаҳзаҳои ошиқонаро бо эҳтироми дӯстону шиносонаш иваз намекунад.

5. Зани ҷанҷолӣ-балои ҷони мард

Ин тоифаи бонувон баҳудаю беҳуда ҷангу ҷанҷол кардану доду фиғон бардоштанро дӯст медоранд. Онҳо мисли девори намкаш аз ҳама чиз меранҷанд. Мабодо ягон кор табъи дилашон нашавад, бо ҷангу ҷанҷол ё гиряву таҳдид масъаларо ба фоидаи худ ҳал кардан мехоҳанд. Табиист, ки ягон мард намехоҳад як умр сараш дар ҷанҷол бошад. Беандешагии ин тоифаи занҳо мардонро ба ҳарос оварда, гурезон мекунад. Мард метарсад, ки ягон рӯз ин занаки беақл даст ба худкушӣ мезанаду ҳомиёни қонун ӯро гунаҳкор мекунанд, барои ҳамин кафшу маҳсиашро монда, пойлуч аз зани ҷанҷолӣ мегурезад.

Бахт хоҳӣ, ислоҳ шав!

Инак, мо рӯихати хислатҳои бади занонаро пешкаш намудем, ки мардро гурезон мекунанд. Мабодо дар симои яке аз ин типҳо худро бубинед, руҳафтода нашуда, аз пайи ислоҳи кабудиҳоятон шавед. Кӯшиш намоед, ки минбаъд ба хатоҳое, ки пештар нафаҳмида содир мекардед, роҳ надиҳед. Боварӣ дорем, ки дари бахту саодат ба рӯятон боз хоҳад гашт.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД