formula
5 зани 100-соларо дар Восеъ бо Рӯзи модар табрик намуданд
284



Дусад нафар занону модарони фаъоли ноҳия бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуда, ба 5 модаре, ки синнашон аз 100 боло аст, туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ супорида шуданд.

Бо мақсади таҷлили Рӯзи модар санаи 6- март дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи Модар барномаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он занону модарони фаъоли ноҳия ва ҷавондухтарон иштирок намуданд.

Ҷамшед Шарифзода, Раиси ноҳияи Восеъ нақши Зан-Модарро дар баробари тарбия намудани фарзандон дар рушду нумуъ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, ба занони фаъоли ноҳия ва дар шахси онҳо ба тамоми модарони тоҷик саломатӣ, умри бардавом ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Дусад нафар занону модарони фаъоли ноҳия бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуда, ба 5 модаре, ки синнашон аз 100 боло аст, туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ супорида шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиши идона баҳри болидаруҳии занону модарон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ барномаи консертӣ пешкаш гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД