6 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Paris Grand Slam иштирок мекунанд
95

Рӯзҳои 7 ва 8-уми феврали соли равон дар Фаронса байни паҳлавонони машҳури ҷаҳон мусобиқаи бонуфузи Paris Grand Slam баргузор хоҳад гашт.

Аз кишвари мо дар ин мусобиқаи баландпояи байналмилалӣ 6 паҳлавон ширкат варзида, барои дарёфти медал ва ҷоизаҳо мубориза мебаранд ва шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусобиқоти Paris Grand Slam, ки оғози сайри ҷаҳонии Дзю-до мебошад, 6 узви тими миллиро пешбарӣ намудааст.

Паҳлавононе, ки ба Париж сафар мекунанд, инҳоянд:

Меҳрзод Сӯфиев (60 кг)

Нуралӣ Эмомалӣ (66 кг)

Муҳиддин Асадуллоев (73 кг)

Абубакр Шеров (81 кг)

Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг)

Абубакри Акобир (100 кг)

Ғолибони мусобиқа дар ҳар вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евро мукофот хоҳанд гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД