Қулӣ Ғафуров аз зумраи наққошони маъруфи шаҳри Истаравшан аст. Ӯ 80 сол дошта, қариб 60 соли ҳаёташро баҳри рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ бахшидааст.
Ин марди пурҳунар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2013 узви Иттиҳоди ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, алҳол сармуаллими Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан мебошад.
Ин навбат мо тасмим гирифтем барои хонандагони азизи сомонаи Oila.tj аз рӯзгори ибратбахши ин марди пурҳунар нақл намоем.
Қулӣ Ғафуров 6-уми ноябри соли 1945 дар оилаи ҳунарманд Ғафур Бобокалонов таваллуд шудааст. Қаҳрамони мо баъди хатми мактаби миёна дар факултаи математика ва физикаи ИДПЛ (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) таҳсил кардааст. Мавсуф аз рӯйи ихтисос омӯзгори физика буда, вале маҳорату истеъдоди фитрияш ӯро ба олами ҳунар овардааст.
"Аз хурдӣ ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи зиёд доштам. Манзараҳо, нақшҳои гуногун тасвир мекардам. Дар мактаби миёнаи №3 ба номи М. И. Калинин (собиқ) Юрий Иванович Зиновой ва дар маҳфили рассомони ҷавони Хонаи пионерони шаҳрӣ Евгений Павлович Куртс буданд. Аз Куртс ҳамагӣ 2 сол таълим гирифта, ягон омўзишгоҳ ё институти рассомиро хатм накардаам. Вале меҳри бепоёнам ба ҳунар маро ҳунарманд кард",- мегӯяд ҳунарманди муваффақ.
Қулӣ Ғафуров давоми фаъолияти эҷодии худ ҳунарҳои гуногунро тариқи худомӯзӣ омӯхтааст. Ӯ на танҳо наққошӣ, балки бо ҳунарҳои таббохӣ, нишоллопазӣ, асалпарварӣ, рассомӣ машғул шудааст.
Ҳамзамон, солҳо бо телевизиони ҷумуҳрӣ ҳамкорӣ дошт. Ғайр аз ин, пайваста маводу мақолаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ нашр мешуданд.
Асарҳои Қулӣ Ғафуров на танҳо офаридаҳои зебоӣ, балки саҳифаҳои зиндаи таъриху фарҳанг, рангу рӯҳи мардум, табиати биҳиштосои Тоҷикистони азизанд.
Қулӣ Ғафуров дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ аз соли 2010 ба кор оғоз карда, 5 соли аввал фанҳои назарияи касбӣ, хаттотӣ, қаламтасвир, рангтасвир, композитсия, наққошӣ, услубҳои нақшунигор ва анатомияи пластикиро дарс додааст.
Қаҳрамони мо, ки дар коллеҷи ҳунармандӣ кор мекард, дастури таълимӣ-методиеро бо номи «Методикаи таълими нақшҳои ҳандасӣ (геометрӣ)» тартиб додааст, ки ин дастур дар матбааи шаҳрӣ 200 нусха чоп шуда, дастраси донишҷӯён гаштааст.
Хизматҳои Қулӣ Ғафуров дар таҳияи консепсия ва оинномаи Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои тақвимии намунавии фанҳои наққошӣ, мисгарӣ, кулолӣ, кашидадўзӣ, заргарӣ, инчунин зинданигории минётурии Шарқ, таърихи минётураи Шарқ, услубҳои минётуранигорӣ, сабадбофӣ, услубҳои нақшунигор, математикаи соҳавӣ - ҷамъ 11 барнома ва нақшаҳои тақвимӣ калон аст.
Ин марди пурҳунар солҳои аввали фаъолият дар коллеҷ зиёда аз 20 овеза-аёният сохт, ки дар онҳо ҷузъҳои (элементҳои) нақшҳои наботӣ ва ҳандасӣ (геометрӣ) тасвир шуда буданд. Аз ин маводи аёнӣ омўзгорони ҳунарҳои наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ то ҳол истифода мебаранд.
Қулӣ Ғафуров дар баробари рассому наққоши муваффақ будан, ҳамзамон аз кундалнигорони чирадасти шаҳр аст. Ба қавли ӯ, "кундалрезӣ яке аз ҳунарҳои қадима буда, навъҳои он бештар дар сақфу сутун ва деворҳои қалъаву кӯшк, бӯстонсарою меҳмонхона ва масҷиду мадрасаю чойхона ба назар мерасад. Имрӯз намунаҳои қадимаи ин ҳунарро бисёртар дар масҷид ва чойхонаҳои таърихӣ вохӯрдан мумкин аст. Ҳунармандони он давр бо рангҳои табиӣ ва омехтаи моддаҳои гуногун наққошӣ мекарданду кундал мерехтанд. Ҳозир мо ҳам дар рӯйи мизҳои шашгуша, табақ, дар кохҳои фарҳангӣ, тарабхона ва ҳатто хонаҳои мардум кундал мерезем. Зеро кундал аз зеботарин ҳунарҳои дастии халқ маҳсуб меёбад ва диданаш ба кас ҳаловат мебахшад".
Қулӣ Ғафуровро ҳамагон ҳамчун наққош, рассом ва кундалнигор мешиносанд. Маҳсули дастони ӯро дар биноҳои милливу фарҳангии на танҳо Тоҷикистон балки шаҳру навоҳии Ӯзбекистон низ дидан мумкин аст.
Заҳматҳои усто Қулӣ Ғафуров дар рушду эҳёи ҳунари наққошиву кундалрезӣ борҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо диплому сипоснома қадрдонӣ шудааст.
Абдуғаффор ШОДИЕВ