arzon replenishment
7-клипи машҳури тоҷикӣ, ки дар онҳо ҳунармандони ӯзбек нақш бозидаанд
586

Солҳои охир сарояндагони тоҷик беҳтарин клиптаронаҳоро барои мухлисон пешкаш менамоянд.

Овозхонҳои мо барои боз ҳам ҷаззобтар шудани намоҳангҳояшон бо ҳунармандон ва блогерони ӯзбек ҳамкорӣ мекунанд. Мо барои мухлисони азизи сомонаи Оила.тч таронаҳоеро гирд овардем, ки дар намоҳанги он ҳунармандони ӯзбек нақш офаридаанд.

Зулайхо Мамадшоева - "Пушаймон мешай"

Сарояндаи маъруфи тоҷик Зулайхо Мамадшоева соли ҷорӣ таронаеро бо номи "Пушаймон мешай" пешкаши мухлисон намуд. Дар клиптаронаи мазкур ҳунармандону блогерони ӯзбек нақш офаридаанд. Тарона 10-уми январ дар саҳфаи ютюб гузошта шудааст ва онро то ба имрӯз 2038728 нафар тамошо кардаанд.

Нигина Амонқулова –“Ишқ”

Нигини санъати тоҷик Нигина Амонқулова моҳи марти соли 2023 таронаеро бо номи "Ишқ" барои мухлисонаш эҳдо намуд. Суруди мазкур бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ сароида шудааст. Дар намоҳанги он ҳунармандони ӯзбек ҳунарнамоӣ кардаанд.

Мубориз Усмонов ва Ғайбулло Турсунов - "Бовар намудам"

Соли 2022 сарояндаи тоҷик Мубориз Усмонов ва овозхони ӯзбек Ғайбулло Турсунов дуэтеро ба дӯстдорони савту наво пешниҳод намуданд, ки "Бовар намудам" ном дошта бо забони тоҷикӣ сароида шудааст. Дар клиптаронаи он ҳунармандони ӯзбек нақш офаридаанд. Ин таронаро 1355198 нафар тамошо кардаанд.

Рустам Азимӣ - "Панҷара"

Таронаи Рустам Азимӣ "Панҷара" ном дошта, 24-уми январи соли 2024 дар саҳифаи ютюб гузошта шудааст. Ин тарона бо забони тоҷикӣ суруда шуда дар намоҳанги он ҳунармандони ӯзбек ҷалб шудаанд. Таронаи "Панҷара"-ро то имрӯз ҳудуди 346502 нафар тамошо кардаанд.

Гуласал Пулотова - "Мард бояд мард бошад"

Гуласал Пулотова низ дар клиптаронаҳои худ ҳунармандони ӯзбекро ҷалб намудааст. Як таронаи Гуласал Пулотоваро, ки дар ҳамкорӣ бо ҳунармнадони ӯзбек таҳия шуда, моҳи декабри соли 2021 бо номи "Розӣ шавед падарҷон" дар ютуб нашр шудааст 440749 нафар тамошо кардаанд. Дертар боз як таронаи дигари ин сарояндаи хушовоз бо номи "Биё дубора" пешкаши мухлисон гашт ва онро 214651 нафар тамошо карданд. Дар намоҳанги ин суруд низ ҳунармандони ӯзбек ҳунарнамоӣ кардаанд. Гуласал соли 2023 як суруди дигарашро бо номи "Мард бояд мард бошад" дар саҳифаи ютуб нашр кард, ки дар он ҳунармандони ӯзбек нақш мебозанд. Ин тарона низ ҳаводорони зиёде пайдо намуд.

Ҳамин тавр равобити ҳунарии ду кишвари ҳамҷавору дӯст торафт густариш ёфта, ба рушду нумӯъи санъати эстрадии мо мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД