arzon replenishment
7- роҳи тоза гардонидани ботини худ
1185

 

Мавзӯи сӯҳбати мо имрӯз тозагии ботину зоҳири инсонист, ки на танҳо барои ҳар як зан, балки барои мард низ ҳатмист. Мардуми шарқ ҳамеша ин покизагии зоҳириви рӯҳониро ба фарзандони хеш талқин мекарданд, ба зеҳнашон мерехтанд ва ин тозагиро ба ҳафт навъ ҷудо менамуданд.

«Тозагии даст»- ин маънои онро дорад, ки ҳаргиз ба чизи каси дигар дасти тамаъ дароз накунӣ ва колои ғайрро нагирӣ. Дар ин ҷо боз дар бораи он гуфта мешавад, ки қисме аз даромадатро ба дармондагону бениёзон хайр намо!

«Тозагии гӯшҳо»- ба гуфтори касе, ки сахт ба ғазаб омадааст, ҳаргиз гӯш наандоз, зеро ӯ метавонад аз фарти ғазабу ҳаяҷон ҳар чӣ ба забонаш биёяд бигӯяд, ҳарчанд он асосе надорад. Боз гӯшҳои худро аз шунидани ҳарфҳои баду қабеҳу фаҳш, инчунин ғайбат ҳифз кунед.

«Тозагии чашмҳо»- тозагии чашмҳо ин аст, ки чашмро аз дидани бадиҳо, зиштиҳо ва айбу гуноҳи дигарон пӯшем.

«Тозагии даҳон» ба он маъно гуфта шудааст, ки даҳони хешро танҳо дар мавриде кушоем, ки ба гуфтори мо касе ниёз дорад. Шиори «Хомӯшӣ тиллост» шиори ҳар як нафар дар зиндагӣ бояд бошад, шахси сергап ҳама ҷо беқадр мешавад.

«Тозагии либос ва бадан» ин ҳикмат ба маънои аслаш бояд иҷро шавад, бигузор либоси шумо кӯҳна бошад, вале тоза, бигузор аз бадани шумо бӯйи атрҳои қимматбаҳо наояд, вале тозаву озода бошад.

«Тозагии андешаҳо»- зери ин мафҳум маъниҳои зиёде хуфта аст… Аввал андешаҳои худро аз бадиҳо покиза намуда, накӯандеш бошед, зеро фикрҳои бад шуморо ба бемории равонӣ мерасонанд. Баъд ҳаргиз худро дар назари дигарон қурбонӣ нишон надиҳед, чаро бояд дили дигарон барои ту бисӯзад?! Беҳтараш табъатро болида созу зиндагиро аз варақи сафеду бедоғ оғоз намо, барои ин ҳеҷ гоҳ дер намешавад!

«Тозагии қалб ва рӯҳ»- сари ин покизагӣ андеша бояд. Қалбу рӯҳатонро аз бадиҳо эмин нигоҳ доред, эҳсосҳои ширинро ҳеҷ гоҳ аз хеш наронед. Дӯст доред ва дар ивазаш чизе нахоҳед, дӯст доштан худаш хушбахтии беназир аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД