shoh palace
70 солагӣ муборак, Ҷаноби Олӣ!
948

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба синни мубораки 70 расиданд. Воқеан, ӯ Сарвари ғамхору сулҳофари миллати тоҷик аст.

Таҳти 30 соли сарварии Пешвои миллат Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта табдил ёфтааст. Ҳамчунин, рушди бемайлон дар самти иқтисодӣ, энергертикӣ, сохтмон, кишоварзӣ хеле назаррас аст, ки ҳамаи ин бо ташаббуси ин марди хирадманд маншаъ гирифтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф низ таваҷҷуҳи зиёд намуда, мақому манзалати забони тоҷикиро дар арсаи байналмиллаи муаррифӣ намудааст.

Дар сатҳи баланд қарор доштани муносибатҳои дипломатии кишвари мо миёни дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Русия маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Басо рамзист, ки Президенти Русия Владимир Путин бо ордени «Барои хизмат ба Ватан» дараҷаи III Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлатамонро сарафроз намуданд. «Барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Барои хизмат ба Ватан” дараҷаи III сарафроз гардонида шавад».

Мо аҳли кормандони сомонаи “Oila.tj” Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олиро барои 70-умин солгарди умрашон самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ, умри дароз ва муваффақиятҳои аз ин ҳам бештарро таманно дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД