formula
8 -қоидаи интихоби туҳфа барои бонувон
07.03.2022
Оила
1236

 Пагоҳ барои тамоми занону духтарон яке аз зеботарин ва ширинтарин рӯзҳои сол-8март фаро мерасад. Ҳар як духтар ва зан орзу дорад, ки дар ин рӯзи мубораки ид аз забони падар, бародар, шавҳар, дӯсти наздик ва ё марди дӯстдоштааш сухани ширине бишнавад ва албатта туҳфаи арзандае бигирад. Мардон низ кӯшиш ба харқ медиҳанд, ки бонувони азизи худро дар рӯзи идашон бо туҳфаҳи хуб ва хотирмон шод созанд, вале пайдок ардани туҳфаи муносиб кори саҳлу осон нест. Занони мисли баҳор табъи нозук доранд ва на ҳар чиз барояшон писанд меояд, аз ҳаимн хотир мо қарор ба мрадн дар боби интихоби туӯфа барои бонувон чанд маслиҳати судманд диҳем.
Сюрприз кунед!
Бонувон сарфи назар аз синну сол ва касбу корашон “сюрприз”-ро дӯст медоранд, бинобар ин, кӯшиш кунед чизеро ба онҳо тақдим намоед, ки ғайри оддӣ ва шавқовар бошад. Барои халос кардани ҷонатон ҳар чизи аз пеши роҳатон баромадаро харидан нагиред, зеро чунин туҳфа натанҳо занро хушбахт намесозад, балки табъи ӯро хира ҳам мегардонад.
Гул хуб аст, вале...
Беҳтарин туҳфа гулдаста аст мегӯянд, вале танҳо бо як даста гул ба табрики бонувн рафтанро ба шумо маслиҳат намедиҳем. Гул албатта хуб аст, вале кӯшиш кунед, ки ҳамроҳи гул ҳеҷ набошад, атри хушбӯй, ягон ороишот ва ё ҳеҷ набошад, як қутти шоколад ё туҳфачаи хурди дигареро ба хонумҳо тақдим намоед.
Завқи занро ба назар гиред!
Бонувон табъу завқи гуногун доранд ва чизе, ки ба як хонум писанд меояд метавонад ба зани дигар тамоман маъқул нашавад, бинобар ин, ҳангоми интихоби туҳфа завқи ҳамон бонуеро, ки барояш туҳфа хариданиед, ба назар бигиред.
Якрангӣ ба дили зан мезанад
Ба зан ҳамеша як хел туҳфа тақдим накунед, зеро хонумҳо якрангиро дӯст намедоранд. Тӯҳфаи шумо қиматбаҳо бошад ҳам, вақте ки ҳар сл ҳамон як чизро тақдим мекунед, туҳфа ҷаззобияташро аз даст медиҳад ва дигар бо дидани он чашмони зан мисли ситора барқ намезананд. Зан фикр мекунад, ки шумо танҳо барои ҷонатонро халос кардан ба ӯ туҳфа мехаред.
Туҳфа бояд зебо ва муфид бошад
Фаромӯш накунед, ки туҳфа дар баробари зебо бунаш бояд боз муфид низ бошад. Дар интихоби туҳфа барои хонумҳо ҳамеша ин чизро ба назар бигиред ва чизҳоеро, ки аз онҳо ягон манфиат нест, нахаред.
Аз дигарон маслиҳат напурсед!
Ҳеҷ гоҳ аз дигарон маслиҳат напурсед, ки ба занатон чӣ харед. Беҳтараш ба гуфтаҳои худи зан диққат диҳед. Бонувон хоҳ-нохоҳ дар бораи он ки ягон либос ё матои зебро дар бозор диданду пулашон барои хариданаш нарасид ё орзуи соҳиби телефони нав ё чиди дигар шуданро доранд, даҳон мекушоянд. Гуфтаҳои зан дар интихоби туҳфа ба шумо ёрӣ мерасонанд ва чизеро мехаред, ки кайҳо дар орзуяш буд.
Аз кумаки интернет истифода баред!
Аксари бонувони муосир дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд. Ба саҳифаи хонуми худ дохил шуда, шумо метавонед завқи ӯро беҳтар дарк кунед ва чи хостанашро фаҳмида, ҳамн чизи дилхоҳашро дар рӯзи ид барояш тақдим ва занро бениҳоят хурсанд созед.
Ҳунари туҳфахарӣ надоред?
Иддае аз мардон дар ҳақиқат ҳунари туҳфа харидан надоранд. Мабодо шумо ҳам аз ҳамон тоифаи мардон бшед, бе ягн дудидагӣ пули туҳфаро ба зане, ки барояш туҳфа харидан мехҳед, диҳед. Бизгор бо он маблағ худаш бо табъи худ чизи дилхоҳашро бихарад.
Чиро ба зан туҳфа кардан мумкин нест?
Ба бонувон туҳфа кардани баъзе чизҳо хосияти хуб надорад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки аз харидани чунин туҳфаҳо худдорӣ намоед
1. Ба занҳо корд, қайчӣ, нохунгирак ва дигар чизҳои тез ва буррандаро тақдим кардан манъ аст. Чунин туҳфа хосиияти хуб надошта, нерӯи бадро ба зиндагии шумо ворид месозад ва боиси сар задани ҷангу ҷанҷол дар хона мегардад.
2. Оина тақдим кардан низ хосияти нек надорад. Мегӯянд, ки ба зан тақдим кардани оина боиси сар задани ягон моҷаро мегардад.
3. Марворид-ҳарчанд қиматаҳо бошад ҳам, разми ашк аст, бинобар ин, ба ҷойи марворид беҳтараш гарданбанд, ангуштарин ё ягон ороишоти дигарро туҳфа кунед.
4. Зарфи холӣ маъноии холиги ҳаётро дорад. Ба зан ягон зарф туҳфа карданӣ бошед, ба дарунаш шоколад ё мева рехта диҳед.

5. Ҳамёни холӣ ва сандуқчаи холӣ. Ҳамён тақдим карданӣ бошед ба дарунаш ягон сум пул монед, то ки ба зан боигарӣ биёрад. Сандуқчаи ҷавоҳиротгириро бе ягон ороишоти заргарӣ ё ҷавоҳирот ба зан тақдим накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД