goodwell
Абдулмаҷид Кудиев ба финали Бозиҳои Осиёӣ-2026 баромад
02.10.2026
Oila.tj
64

Дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон рӯзи 14-уми Бозиҳои Осиёӣ дар соли 2026 баргузор шуда истодааст. Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод ба финали Бозиҳои Осиёӣ-2026 баромад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Кудиев дар рақобати аввал намояндаи Қазоқистон Начюн Кууларро бо ҳисоби 13:2 шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳала паҳлавони кишвари мо бо ҳисоби 11:0 намояндаи Арабистони Саудӣ Абдулатиф Муҳаммадро мағлуб карда, ба марҳалаи нимниҳоӣ расид. Кудиев дар даври нимниҳоӣ бо ҳисоби 11:0 Кванг Ҷин Ким аз Кореяи Шимолиро шикаст дода, ба финал баромад. Дар финал Абдулмаҷид Кудиев бо Суҷит Суҷит аз Ҳиндустон барои дарёфти медали тило талош хоҳад варзид.

Қобили зикр аст, ки корвони варзишии Тоҷикистон то имрӯз дар мусобиқаи мазкур соҳиби 2 медали тило, 3 нуқра ва 7 медали биринҷӣ шудааст. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи 20-умро ишғол мекунад.

Медалҳои тилоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров (60 кг), Отабек Раҷабов (65 кг), медалҳои нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехта, Шакармамад Мирмамадов (+90 кг) ва Ёсин Бобокалонов (-66 кг) аз намуди кураш ва медалҳои биринҷиро Махсатулло Муъминов (55 кг) аз риштаи карате-до WKF, Акмал Убайдов (60 кг) бо Парвиз Каримов (90 кг) аз намуди бокс, Сарвар Абдушукуров (-66 кг) аз риштаи кураш ва Аҳлия Муъминова (-48 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг) аз намуди ҷудо соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 43 медал гирифтааст, ки 8 медали тило, 10 медали нуқра ва 29 медали биринҷӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД