Formula novemver 2024
Ҳабибҷон Баҳриддинов дар Амрико барномаи стендап баргузор мекунад
795

Ҳабибҷон Баҳриддинов дар Амрико барномаи стендап баргузор мекунад

-Ҳабибҷон шумо аз аввалин нафароне ҳастед, ки жанри стендапро дар Тоҷикистон оғоз кардед. Ба фикратон мардуми мо имрӯз то чӣ андоза ин жанрро қабул карданд?

-Мардуми мо стендапро хуб қабул карданд. Он аллакай зиёда аз 100 ҳазор мухлисони худро паёдо кардааст. Ин шумора руз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Мо аллакай чандин консертҳои худро аввали сол дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо гузарондем. Нақша дорем, ки то охири сол боз 8 барномаи консертӣ гузаронем. Аввалинаш дар шаҳри Душанбе мешавад. Баъдан дар шаҳри Хӯҷанд, Панҷакент,Бохтар,Самарқанду Бухоро,Тошкент, Дубай ва Ню-йорки Амрико барномаҳои худро баргузор хоҳем кард.

-Идеяи подкасти "Мағзи гап" аз куҷо пайдо шуд? Аз худатон буд ё касе пешниҳод кард?

-Ин подкаст идеяи нави банда аст. Боварии комил дорам, ки дар оянда ҳаводорони худро пайдо мекунад. Ин подкаст бо духтурон, соҳибкорон ва дигарон гузаронида мешавад.Дар оянда дар бораи бемориҳои гуногуне, ки имрӯзҳо дар байни мардум зиёданд, подкастҳо мешавад. Аксарият роҳҳои табобати онро намедонанд. Мо дар подкаст дар ин бора маълумоти мукаммалро пешниҳод месозем.

- Яке аз роликҳои сертамошобини шумо бо номи "Наргис” аст, ки аллакай 6 қисмаш пешниҳоди ҳаводорон гашт. Ин ролик чанд қисм аст?

- Ростӣ ролики "Наргис"-ро худи ман ҳам дӯст медорам. Бисёр як образи аҷоиб аст. Як ҷавони ошиқ пайваста кӯшиш мекунад, ки занг зада бо дӯстдоштааш суҳбат кунад ва хостаҳои дӯстдошташро иҷро карда бошад. Дар он асосан масъалаҳои иҷтимоии имрӯза нишон дода шудааст. Шумораи ин ролик муайян нест. Ин саҳна то якҷо шудани ҷавони ошиқ бо Наргис идома хоҳад кард.

-Шумо бо кадом ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ доред?

-Мутаассифона бо ягон ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ надорам, чунки аз пайи барномаҳои консертӣ ҳастам. Албатта баъди ба анҷом расидани консертҳо бо ҳаҷвнигорони маҳбубӣ кишвар ҳамкорӣ хоҳем кард.

- Мухлисонро чӣ сюрпризҳо интизоранд?

-Мухлисонро сюрпризи нав-як консерти ҷолиб, ки санаи 22-юми ноябр, соати 18:00 дар Кохи Суруш бо номи "Замин кулула" пешкаши ҳаворони стендап мегардад, интизор аст. Ба ғайр аз ҳаҷв мухлисонро тӯҳфаҳо низ интизоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД