toyota motors
Қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар донишкадаҳои олии Корея оғоз ёфт
65

Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Корея оғоз ёфт. Дар ин бора Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар додааст.

Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар заминаи ҳамкории дуҷониба бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея амалӣ карда мешавад. Барои довталабони дорои сертификати сатҳи байналмилалӣ аз забони англисӣ ва кореягӣ имтиёзҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд. Шахсоне, ки забони кореягӣ ва англисиро намедонанд, метавонанд вобаста ба самт ва равияи касби интихобкардаашон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Корея як сол забон омӯзанд.

Маълумоти бештарро дар бораи шароити таҳсил, номгӯйи ихтисосҳо ва раванди қабул ба донишгоҳҳои Корея аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дастрас намудан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД