Ҷаъфарӣ кабудии шифобахше мебошад, ки дар баробари витамину микроэлементҳои сершумор доштанаш, барои зебоии пӯст низ манфиатҳои зиёде дорад. Он пӯстро тоза, ботароват ва нарм намуда, ба рафъи доғҳо, наракҳо ва нуқтаҳои сиёҳ дар гирду атрофи бинӣ мусоидат менамояд. Агар пӯсти рӯятон дар офтоби тобистон сӯхта бошад, ҷаъфарӣ ёри беҳтарин аст!
Равғанҳои нерубахш
Ин гиёҳ дорои равғанҳои эфирӣ буда, дар муддати кӯтоҳ метавонад пӯстро равшантар гардонад. Бисёр ширкатҳои косметикӣ онро барои тоза кардани доғҳои пигментӣ ва рафъи осори кунҷитак истифода мебаранд.
Ниқоб барои занони аз 40-сола боло
Барои бонувоне, ки синнашон аз 40 гузаштааст ва мехоҳанд пӯсти рӯяшонро навсозӣ кунанд, чунин ниқоб тавсия мешавад: баргу пояи ҷаъфариро майда карда, ба пӯсти тоза молед ва 20-30 дақиқа нигаҳ доред. Баъдан бо оби гарм рӯятонро шӯед.
Мушкоби табиӣ
Барои омодасозии мушкоб, 3 қошуқ барг ва решаи кӯфтаи ҷаъфариро дар 0,5 литр арақ ё спирти 50% андохта, дар ҷойи торик барои 2 ҳафта нигоҳ доред. Пас аз полондан, дар зарфи шишагӣ ва яхдон нигаҳ доред. Ин мушкобро 2–3 маротиба давоми рӯз ба доғҳои рӯй молед, он доғҳоро тадриҷан пок мекунад.
Ниқоб бо асал
Як қошуқ ҷаъфарии кӯфта ва як қошуқ асалро омехта карда, ба пӯсти рӯй молед. Баъди 15–20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед. Ин ниқоб на танҳо пӯстро равшан мекунад, балки онро бо моддаҳои ғизоӣ ғанӣ мегардонад ва чинҳои майдаро ҳамвор месозад.
Тоза ва тароватбахш
Шираи ҷаъфариро гирифта, бо об каме омехта кунед ва дар қолабчаҳои яхгузорӣ рехта, ях кунонед. Бо ин яхпораҳо рӯятонро дар як рӯз 2–3 бор пок кунед. Ин усул на танҳо пӯстро сафед мекунад, балки ба он қувваи тоза ва тароват мебахшад.
Гиёҳоби ҷаъфарӣ бо лимӯ
Баргҳои резашудаи ҷаъфариро дар оби ҷӯш каме ҷӯшонед, сипас 30–40 дақиқа бигузоред. Онро полонда, шарбати ¼ лимӯро илова кунед. Ин маҳлулро рӯзе 1–2 бор ба рӯй молед. Баъд аз истифода, ба пӯст ҳатман малҳами нармкунанда молед.