Arzon march 2024
Афсарзанонро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд
254

Бо мақсади қадрдонӣ намудани занони низомӣ барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва бо ин роҳ зиёд намудани теъдоди бонувон дар мақомоти қудратӣ ва низомӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занони низомӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо занон ва оила ба сомонаи Оила. ЧТ хабар доданд.

Тавре ки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бунафша Файзиддинзода изҳор намуд: «Ҳамоиш бо мақсади тақвият бахшидан ба мақому манзалати занону духтарон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷомеа, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон, қадрдонӣ намудани занони низомӣ барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ба ин восита зиёд намудани теъдоди занон дар мақомоти низомӣ доир карда шудааст».

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва раиси коллегияи оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Ҳаким иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иброз гардид, ки соли 1993 барои низомиёни ҷумҳурӣ соли таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро бо ташаббусу ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу бум, таъмини амнияти мардум ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши бузург дорад.

Дар фарҷоми ҳамоиш як зумра афсарзанон барои хизмати содиқона ба Ватан бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД