formula
Афзоиши маргу мир аз норасоии ғизои солим дар ҷаҳон
762

Аз 16 октябри соли 1945 то имрӯз ҳамсола ин сана ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ғизо таҷлил мешавад, ки он бо қарори иҷлосияи 20-уми конфронси Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) соли 1979 эълон шудааст.

Мавзӯи меҳварӣ дар соли 2023 об, тозагии об ва таъмини он зери унвони "Об барои ҳаёт, “Об барои ғизо”, “ Ҳеҷ кас набояд дар канор монад", Об манбаи ҳаёт дар рӯи замин аст” будааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳиссаи оби тозаи барои нӯшидан, самти кишоварзӣ ва истифода дар равандҳои технологӣ танҳо 2,5 фоизро ташкил дода, таҳрикдиҳандаи иқтисод ва табиат мебошад. Тибқи омори СММ тақрибан 72 фисади оби тозае, ки дар ҷаҳон истеъмол мешавад, аз кишоварзӣ сарчашма мегирад.

Дар давоми даҳсолаҳои охир ҳаҷми оби тоза ба ҳар сокини сайёра 20 фоиз кам шуда, сифати он бад шуд. Имрӯз 2,4 миллиард нафар дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки бо норасоии об рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ғизои хуб муҳофизати асосӣ аз бемориҳо ва манбаи энергия ва фаъолияти ҳаётист. Ҳуқуқ ба ғизои мувофиқ, ғизои босифат барои ҳама муҳим аст, аммо аз камғизоӣ бештар кӯдакони хурдсол азият мекашанд.

Мушкилии камғизоӣ, норасоии микроэлементҳо ва фарбеҳӣ дар ҳама кишварҳо вуҷуд доранд ва аз табақаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ новобастаанд.

Дар соли 2015 ҳамаи кишварҳои узви СММ 17 Ҳадафи глобалии Рушди Устуворро барои беҳтар кардани зиндагии мардум то соли 2030 қабул карданд.

Тибқи ҳадафи дуюм, гуруснагии сифр ваъда медиҳад, ки то ин сана ба гуруснагӣ хотима бахшад ва кафолат медиҳад, ки ҳамаи одамон, бахусус камбизоатон ва осебпазир, аз ҷумла навзодон, тамоми сол ба ғизои бехатар, серғизо ва кофӣ дастрас бошанд. Аммо то соли 2030, ҳатто бо барқарор шудани иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳудуди 670 миллион нафар (8 дарсади аҳолии ҷаҳон) ҳанӯз ҳам бо гуруснагӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ҳамасола дар ҷаҳон 11 миллион нафар аз ғизои носолим мефавтанд, ки 45 дарсади фавтидагон аз камғизоӣ дар кӯдакони то панҷсоларо дарбар мегирад. Дар соли 2022 45 миллион кӯдаки то панҷсола ва 148 миллион нафар қадпаст шуданд.

Дар ҷаҳон маводи ғизоӣ истеҳсол мешавад, ки тамоми инсониятро ғизо медиҳад. Бо вуҷуди ин, 13% озуқавории ҷаҳон дар занҷири таъминот, аз ҳосил то фурӯши чакана ва 17% дигар дар хонаводаҳо, хӯрокворӣ ва чакана сарф мешавад.

Мувофиқи маълумоти ФАО, 821 миллион нафар дар саросари ҷаҳон бо вуҷуди истеҳсоли ғизои кофӣ барои ғизои ҳама аз гуруснагӣ азоб мекашанд.

Дар баробари ин, 1,9 миллиард нафар одамон вазни зиёдатӣ ва 672 миллион нафари дигар аз фарбеҳӣ азият мекашанд, ки сарчашмаи он ғизои носолим ё риоя накардани тарзи ҳаёти солим мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД