Дуэйн Ҳансен, кишоварз аз иёлати Небраска ба шарафи 60-солагиаш аз кадуи 383-килоӣ қаиқ сохта, дар рӯи дарёи Миссури 61 километр шино кард. Ӯ беш аз 10 сол кӯшиш дошт, ки чунин каду парвариш кунад ва ниҳоят онро «Берта» номид.
Пеш аз роҳандозии сафар, Ҳансен кадуро холӣ карда, шакли қаиқ дод. Субҳи барвақт, бо либоси сода ва ҷилети наҷот, ӯ ба об баромад. Аҳли оила, дӯстону мақомоти маҳаллӣ шоҳиди ин лаҳза буданд. Сафар 11 соат тӯл кашид ва ба гуфтаи Ҳансен, осон набуд: мавҷҳои қаиқҳои дигар борҳо қариб ки ӯро чаппа карданд.
Акнун намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес барои тасдиқ кардани дастоварди ӯ далелҳои видеоӣ, аксҳо ва шаҳодати шоҳидонро месанҷанд.
Духтараш Морган бо ифтихор гуфт: «Ӯ ҳамеша мегуфт, ки ҳар кас метавонад ҳар кореро, ки хоҳад, иҷро кунад».
Қобили зикр аст, ки соли 2016 амрикоӣ Рик Свенсон низ бо кадӯй 40 км масофа тай карда буд.