Ҳақиқати як афсона
10.01.2026
Oila.tj
78

Аз 8-ум то 18-уми декабри соли равон дар доираи Барномаи шиносоӣ бо дастовардҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон як гурӯҳ рӯзноманигорон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, ИМА, Канада, Фаронса, Италия, Испания ва Ирландия меҳмони шаҳрҳои Деҳлӣ, Ҳайдаробод ва Бангалор шуданд.

Шаҳри Марворид Киберобод шуд

Шаҳри Ҳайдаробод дар воситаҳои ахбори омма бештар «Водии силикони Ҳиндустон», «Шаҳри марворид» ва Киберобод (Cyberabad) ном бурда мешавад. Шаҳр дар давраи ҳукмронии Темуриёни Ҳинд бунёд ёфт. То ҳол қаср, қалъа, масҷид ва мақбараҳои давраи Темуриён побарҷо мондаанд.

Ҳоло Ҳайдаробод шаҳри замонавии дорои роҳҳои дуқабата ва биноҳои осмонбӯс буда, бо шаҳри Бангалор барои дарёфти статуси «Пойтахти технологияҳои баланди Ҳиндустон» рақобат карда истодааст. Имрӯз дар ин ҷо идораҳои ширкатҳои бузурги байналмилалии технологӣ ҷойгиранд. Ана ҳамин омехтагии даврони қадим бо технологияи муосир Ҳайдарободи аҳолиаш 9 миллион нафара ва пойтахти иёлати Теленганаро ба шаҳри ҷолибу фарқкунандаи Ҳиндустон табдил додааст.

Роҳбаладони мо Равиндра Рокҳариял ва Уҷвал Гири ба мо махсус аз маҳаллаи технологияи нав- Нi Tech Gity меҳмонхонаи «Trident»- ро интихоб карданд, ки шароити беҳтарини будубошу хизматрасонӣ дошта, кормандонаш хеле меҳрубону самимӣ буданд.

Шиносоии мо бо шаҳри Ҳайдаробод аз тамошои шаҳраки ҳунармандону рассомон - Шилпарамам, ки дар мавзеи Мадҳапури Вишак Ҳапатнам воқеъ аст, оғоз ёфт. Деҳаи мазкур соли 1998 бо мақсади ҳифзи ҳунарҳои қадимаи Ҳиндустон ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта шуда, масоҳаташ 260 000 метри мураббаъ мебошад.

Яке аз мавзеъҳои ҷолиби шаҳрак «Осорхонаи ҳаёти деҳот» мебошад, ки он нусхаи миниатюрии деҳаи муқаррарии ҳиндустонӣ ба шумор меравад. Беш аз 15 кулбаи аз гилу пахол сохташуда баёнгари тарзи ҳаёти қабилавӣ ва деҳотии «Кишвари афсонаҳо» мебошад. Ин манзара барои шаҳриён мисли даричаест ба ҳаёти сокинони деҳоти дурдаст.

Дар ин ҷо дӯконҳои ҳунармандӣ, толорҳо барои намоиши маҳсулот, амфитеатр барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯли сунъии хушманзара, боғу гулгаштҳои назаррабо ҷойгир шудааст. Хоҳишмандон ба заврақҳо нишаста, асабашонро ором мекунанд.

Шилпарамам аз калимаи санскритии «шилпа» (ҳунар) ва «рамам» (ҷой) гирифта шуда, маънояш «ҷойи ҳунарҳо» мебошад. Сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин ҷо бо ҳунари ҳунармандон (кулолгарон, заргарон, дӯзандаю бофандагон, устоҳои кандакор, хаттот ва ғайра) ошно шуда, намунаи ҳунари онҳоро бо худ мебаранд.

Дар амфитеатри мавзеъи ҳунармандон хоҳишмандон ҳунари раққосаҳои гурӯҳи рақси классикии «Катҳак»-ро тамошо мекунанд, ки ҳар як ҳаракати онҳо маъние дорад.

Чашмаҳои мусаффо ва шаршараҳои гӯшнавози шаҳраки ҳунармандон касро ба ёди деҳаҳои сарсабзу хуррам мебаранд.

Пешрафтатарин марказҳои инноватсионӣ

Рӯзи дуюм тибқи барномаи сафар мо ба Indiana School of Business (ISB) ба маҳаллаи Gachibowli-и Ҳайдаробод рафтем.

Директори иҷроияи ISB хонум Васудҳа Дипак Рао зимни муаррифӣ иброз намуд, ки муассисаи мазкурро соли 2001 ифтитоҳ ёфтааст. Донишҷӯён дар ин мактаби хусусии бизнес таҳсилоти пешрафтаи менеҷмент ва барномаҳои муосири идоракуниро фаро мегиранд.

ISB бо донишгоҳҳои пешрафтаи байналмилалӣ муносибатҳои ҳамкорӣ дорад. Барномаи асосии таҳсил Post Graduate Programme in Management (PGP) маҳсуб ёфта, як солро дар бар мегирад.

Боздиди ҳайат аз Маркази инноватсионӣ ва экосистемаи стартапҳо (T-Hub) низ хеле хотирмон буд. Роҳбалади ҳайат Равиндра Покҳариял изҳор намуд, ки T-Hub ба рушди технология, соҳибкорӣ ва ҳавасмандсозии идеяҳои нав дар Ҳиндустон равона шудааст. Ин маркази инноватсионӣ соли 2015 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он маҳоратбахшӣ, ҳавасмандсозӣ ва дастгирии стартапҳо аз идея то рушди босубот аст.

Яке аз мақсадҳои таъсиси он, дастгирии стартапҳо тавассути дастрасӣ ба бозорҳо, сармоя, иттилоот, техникаю идоракунӣ ва стратегияҳо мебошад. T-Hub яке аз бузургтарин марказҳои инноватсионӣ дар ҷаҳон буда, дар майдони 54 000 метри мураббаъ ҷой гирифтааст. Таъсиси он боиси ҷалби миллиардҳо доллар сармоя ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ гардид.

Корманди масъули Маркази прототипсозӣ ва инноватсия (Т-Works) Муҳаммад Султониддин Аҳмад бошад, ҳайати рӯзноманигоронро аз наздик бо фаъолияти муассиса ошно намуд. Ин марказ соли 2017 аз ҷониби Ҳукумати иёлоти Теленгана таъсис ёфта, барои таҳқиқот, таҳия ва сохтори прототипҳои сахтафзор хизмат мекунад. Т-Works барои муҳандисон, конструкторон, донишҷӯён ва корхонаҳо имконияти табдил додани идеяҳо ба маҳсулоти воқеиро фароҳам меорад.

Меҳмонон дар ин ҷо бо фаъолияти студияи чӯбкорӣ, асбобҳои лазерӣ, лабораторияҳои электронӣ, 3D-принтерҳо ва дигар таҷҳизоти касбӣ ошно шуданд.

- Ҳадаф аз таъсиси додани Т-Works фароҳам овардани муҳити прототипсозӣ бо асбобу таҷҳизоти индустриалии пешрафта мебошад, то саноатчиён ва муҳаққиқон тавонанд прототипҳои маҳсулотро дар муддати кӯтоҳ ва бо харҷи кам таҳия намоянд. Ин марказ барои соҳибкорону муҳаққиқон беҳтарин мавзеи дастгирии идеяҳо ба шумор меравад, - иброз намуд Султониддин Аҳмад.

Бузургтарин маҷмааи киностудия дар ҷаҳон

Яке аз ҷолибтарин мавзеъҳои дидании Ҳайдаробод ин маҷмааи киностудияи «Рамоҷи филм» ба шумор рафта, он ҳамчун бузургтарин киностудияи ҷаҳон дар Китоби рекордҳои Гиннес ба қайд гирифта шудааст. Ҳаводорони дидани ин маҷмаа хеле зиёд буда, барои ба ин шаҳраки киносозон ворид шудан соатҳо навбат поидан лозим меояд. Роҳбаладон барои мо қаблан чиптаи электронӣ гирифта буданд. Аз ин рӯ, мо ба осонӣ вориди шаҳрак гашта, бо автобусҳои махсуси саёҳатӣ бо сайри маҷмаа баромадем.

Тавре роҳбаладон баён намуданд, соле дар ин шаҳрак ба ҳисоби миёна 400- 500 филм ба забонҳои телугу, ҳиндӣ, тамилӣ, каннади, малаялам ва ғайра ба навор гирифта мешавад. Ғайр аз филмҳои ҳунарӣ дар ин маҷмаа сериалҳои ҳаррӯз, ҳафтаина ва рекламаи ширкатҳои шоу- барномаҳои телевизионӣ сабт мекунанд. Ҳатто филмбардорони амрикоӣ дар ин студия филм ба навор мегиранд, ки он нисбат ба филмбардорӣ дар ИМА 30 дарсад арзонтар меафтад. Сабаб дар он аст, ки гурӯҳи филмбардорон метавонанд дар як шаҳрак чанд саҳнаро ба навор гиранд. Инчунин, обу ҳавои мусоид ва манзараҳои зебою дилкаши шаҳраки филмсозон имкон медиҳад, ки қариб тамоми сол бе душворӣ филм сабт карда шавад. Масоҳати шаҳрак қариб 2000 гектарро дар бар мегирад.

Дар шаҳрак намунаи декоратсияҳои қадимаю муосир тавре сохта шудааст, ки дар он ба осонӣ дар бораи ҳодисаҳои асримиёнагӣ ва замони муосир филм сабт кардан осон аст. Яке аз филмҳои таърихии машҳур – «Баҳубалӣ» дар ҳамин ҷо ба навор гирифта шудааст. Филми «Робот» («Энтҳиран»), «Баде Миян, Чоти Миян» (соли 1998), «Ченнай экпресс» (дар нақши асосӣ Шоҳрух Хон) ва дигар филмҳои машҳур пурра ва ё қисман дар «Рамоҷи филм» сабт шудаанд.

Дар шаҳраки филмсозон боғу гулгаштҳои назаррабо, ҳавз, шаршара, кӯчаҳои қадимӣ, қасри шоҳон, сайр ба олами афсонаҳо (Диснейленд), тарабхона ва дигар иншооти фароғатӣ- истироҳатӣ хеле зиёданд.

Намунаи ёдгории бузурги меъмории ҳиндӣ- исломӣ

Яке аз мавзеъҳои таърихии маъруфи Ҳайдаробод Чорминор мебошад, ки онро бо мақсади шукргузорӣ аз поён ёфтани эпидемияи вабо соли 1591 бунёд кардаанд. Иншооти мазкур аз 4 манора иборат буда, баландии ҳар кадоми он ба 56 метр мерасад. Ин иморати қариб панҷасра аз гранит, рег, гил ва маводи гуногуни маъданӣ сохта шуда, то ҳол побарҷост. Дар дохили иморат 149 зинапоя то ба ошёнаи боло сохта шудааст, ки маъмурон онро барои нигоҳубини масҷид ва ҳуҷраҳо истифода мебаранд. Масҷид дар ошёнаи болоӣ сохта шуда, то ҳол дар он намоз гузорида мешавад.

Дар атрофи Чорминор бозоре бо номи «Лаад Базар» ҷойгир аст, ки дар он матоъҳои гуногун, либос, васоити ороишӣ, дастпона, хушбӯиҳо, армуғон ва ғайра фурӯхта мешавад.

Масҷиди Макка низ аз Чорминор дур нест. Он яке аз масҷидҳои калонтарини Ҳиндустон ба шумор рафта, солҳои 1614- 1694 сохта шудааст. Онро аввал Султон Муҳаммад Қули Қутбшоҳ ва сипас Султон Абдулло Ҳусейншоҳ сохтаанд. Баъзе регҳои хишти ин масҷид аз шаҳри Маккаи Мукаррамаи Арабистони Саудӣ оварда шудааст.

Масҷид дар якҷоягӣ бо Чорминор ва бозорҳои атроф як ансамбли бузурги фарҳангӣ ва сайёҳиро ташкил медиҳад.

Шаҳри таърихиро бе осорхона тавассур кардан номумкин аст. Яке аз маъруфтарин осорхонаҳои Ҳайдаробод осорхонаи «Салар Ҷанг» ба шумор меравад. Онро собиқ сарвазири низоми Ҳайдаробод Мир Юсуф Алӣ Хон, ки бо номи Солори Ҷанг маъруф буд, таъсис додааст. Дар осорхона аз коллексияи силоҳ ва миниатюраҳои ҳиндӣ то расмҳои рассомони маъруфи Аврупо ва маҳсулоти чинии Хитой бо завқи баланд харида, нигоҳдорӣ шудааст.

Соати калони механикии асри XIX, ки дар осорхона маҳфуз аст, баъди ҳар соат бо садои мусиқӣ занг мезанад. Барои дидани он ҳар рӯз ҳазорон нафар аз гӯшаю канори дунё омада, интизори занги соат менишинанд.

Дар ин ҷо ракета месозанд

Аввалин ва яке аз пешсафтатарин ширкатҳои хусусии фазои Ҳиндустон «Skyroot Aerospace» дар шаҳри Ҳайдаробод воқеъ аст. Асосугзорони он Паван Кумар Чандана ва Нага Бҳарата Дака буда, ҳардуяшон муҳандис ва олимони ташкилоти ISRO (Indian Space Research Organization) мебошанд. Ин ташкилот соли 2018 таъсис ёфтааст.

Муҳандисони ташкилот соли 2022 аввалин ракетаи суборбиталии – «Vikram -S»- ро бомуваффақият ба кайҳон бароварданд.

Дар ин ҷо инчунин, ракетаи хурди «Vikram- 1» истеҳсол шудааст, ки метавонад тахминан 300- 480 килограмм борро ба фазо барорад. Ракетаи мазкур аз композитҳои карбонӣ сохта шуда, муҳаррикҳои тавассути 3D- чопшуда дорад.

Skyroot ҳадаф дорад, ки парвози аввалини тиҷоратии «Vikram- 1»-ро дар наздиктарин вақт анҷом диҳад. Оғози барномаи тиҷоратӣ аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ширкат мақсад дорад, ки оянда ҳар моҳ як ракетаи тиҷоратӣ истеҳсол намояд.

Боргоҳи тайёркунандаи афсарони баландпояи пулис

Яке аз охирин муассисаҳое, ки ҳайати рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба он ташриф оварданд, Академияи миллии пулис ба номи Сардор Валлабҳаи Пател буд. Моро дар ин муассисаи низомӣ подполковник Найак истиқбол намуд.

Устодони Академия Сантош Кумар, Яшпал Сингҳ ва Нозим дар бораи таърихи таъсисёбӣ ва раванди таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ маълумоти муфассал доданд ва дар ин хусус видеофилм намоиш дода шуд.

Академияи мазкур 15-уми сентябри соли 1948 дар Маунт – Абу ҳамчун Коллеҷи маркази таълимии пулис таъсис ёфта, баъдан ба номи ҳуқуқшинос, нахустин вазири корҳои дохилӣ Сардор Валлабҳайи Пател, ки ҳамчун «Одами оҳанин»-и Ҳиндустон маъруф аст, номгузорӣ шуд. Моҳи ноябри соли 1975 академия ба Ҳайдаробод кӯчид.

Рутбаи «Сардор», ки аслаш форсӣ – тоҷикӣ мебошад, ба сарварони маҳаллаю музофот ва низомиёни Ҳиндустон (бештар сикҳҳо) дода мешуд.

Аксар сарварони мақомоти баландпояи корҳои дохилии Ҳиндустон дастпарвари Академияи мазкур мебошанд.

Ҳайати рӯзноманигорон зимни ин сафари омӯзишӣ бо хотироти ғанӣ баргашта, итминон ҳосил карданд, ки таҳаммулпазирӣ, нисбат ба забону дину оини дигарон, пайванди гузаштаи ғанӣ бо илм ва технологияи муосир Ҳиндустонро дар муддати кӯтоҳ ба бузургтарин кишвари демократӣ ва чорумин кишвари бузурги иқтисодии ҷаҳон табдил дод.

Сиёвуш ҲАМДАМОВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

Душанбе-Тошканд-Деҳлӣ-Ҳайдаробод-Деҳлӣ-Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД