sebiston july new
“Ахтари бахт” барои муҳоҷирони меҳнатӣ тренинг доир намуд
3334

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва огоҳии муҳоҷирони меҳнатӣ аз қонунҳои нави муҳоҷиратӣ дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар” имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ахтари бахт” тренинг барпо гашт.

Ин чорумин чорабинии ташкилоти номбурда дар вилояти Хатлон дар доираи “Маъракаи иттилоотӣ” мебошад.

Дар тренинг муҳоҷирони меҳнатию аҳли оилаи онҳо ва намояндагони хадамоти муҳоҷират дар ин минтақа ширкат варзида, изҳори андеша намуданд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар рафти чорабинӣ аз мушкилоти худ дар муҳоҷират сухан карда, таъкид намуданд, ки аз ночорӣ маҷбур баданд фаъолияти меҳнатиашонро дар кишвари қабулкунанда идома диҳанд.

Коршиносон доир ба омодагӣ ба сафар, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатии худ дар хориҷа, омӯзиши касбу ҳунарҳои замонавию ҷавобгӯй будан ба талаботи бозори меҳнат ва қонунҳои амалкунандаи кишварҳои қабулкунанда сухан гуфта, ба муҳоҷирон маслиҳатҳои муфид доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД