Arzon april 2022
Қаламаи қабат - қабат
287


Маҳсулоти лозима:

500 грам – орд
250 грам – шир
130 грам – ҷурғот
10 грам – маводи ковоккунанда
8 грам – намак
50 грам – маска
60 грам – равған
1 дона тухм

Тарзи таҳия:

Дар зарфе шир, ҷурғот, 1 қошуқча намак, орд ва маводи ковокунанда андохта, хамир мешӯрем. Хамир бояд на сахт бошад, на суст. Болои хамирро пӯшонда мемонем, то ки 20 дақиқа дам гирад.

Пас аз ин хамирро ба 5 зувола тақсим мекунем.
Дар зарфи дигар барои байни зуволаҳо 50 грам маскаро об мекунем ва 60 грам равған илова мекунем.

Ҳамаи зуволаҳоро тунук карда рӯ ба рӯ монда, дар байнашон равған мемолем, баъд мисли рулет печонда, гирдак тоб медиҳему болояшро мепӯшонем. Зуволаҳо бояд 1 соат дам гиранд.

Баъди он бо ғалтак зуволаҳоро тунук мекунем.
Ба қолаб равған молида қоғази пергамент тунук мекунем ва зуволаҳои тунуккардаамонро гузошта, тухм мемолем. Қаламаро дар ҳарорати 200 дараҷа дар тафдон 20 дақиқа пӯхтан лозим аст. Иштиҳои том!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД