arzon replenishment
Ҳалима Пӯлотова: Мурдаамро бо доира гӯронед
447

Ҳалима Пӯлотоваи 75-сола солҳост, ки бо навои доира табъи ҳазорон нафарро болида сохта, тӯю маърака ва маҳфилу шабнишиниҳоро гарм месозад. Ӯ зодаи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.

Қаҳрамони мо соли 1967 бинобар оиладор шудан ба шаҳри Истаравшан омадаасту аз ҳамон вақт инҷониб дар ин диёр умр ба сар мебарад. Ҳалима дар муҳити оилаи фарҳангдӯст ба дунё омада бошад ҳам, барои ҳунарманд шудани ин зан монеаҳо зиёд буданд. Падар намехост, ки духтараш роҳи санъатро интихоб кунад. Аз ин рӯ, натавонист таҳсилашро дар ягон мактаби олӣ идома диҳад. Он вақтҳо аксарият намехостанд пайвандонашон роҳи саҳнаро пеш гиранд, вале ҳофизону мутрибон миёни омма маҳбубияти зиёд доштанд.

Дар оилаи мо ҳама ба санъату ҳунар арҷ мегузоранду онро дӯст медоранд. Модарам дар маъракаҳои хешу табору ҳамсояҳо рафта, доира мезаданду ба хурсандиашон шодӣ зам мекарданд. Вале, падарам барои ҳунарманд шуданам розӣ нашуданд. Аммо, дар ҳар озмуну барномаҳои консертӣ иштирок карда, доира менавохтам. Чӣ тавр доира задан, ритм ва оҳангҳои онро аз модарам омӯхтам. Дар хонадони мо, ки панҷ духтар будем, ҳамеша навои доира танинандоз буд. Модарам доира мезаданду мо рақс мекардем. Аз ҳамон вақт сар карда, меҳри санъату ҳунар, хосса доиранавозӣ дар дилам ҷо шуд", - гуфт холаи Ҳалима.

Ҳалима Пӯлотова сири дарозумриашро дар навохтани доира медонад. Зеро садои доира ба дилҳо шарар мебахшаду ғаму андӯҳро дур месозад. Қалбҳо аз шунидани оҳангҳои хушнавози он моломоли фараҳ мегарданд.

"Дар ҳолати маҳзуниву ғамгинӣ доира ба даст мегираму ғамҳоро ба шодӣ мубаддал месозам. Фикр мекунам доира задан бароям қувва мебахшад. Баъзан ба фарзандонам нимшухиву нимҷиддӣ мегӯям, ки агар вафот кардам, маро бо доира гӯронед",-гуфт ӯ.

Ҳар нафар кӯшиш мекунад, ки ба фарзандаш ягон навъи ҳунарро омӯзонад, то дар пастиву баландии рӯзгор тавонад бо он касб зиндагиашро пеш барад. Қаҳрамони мо ҳам аз модараш ҳунари бофандагиро омӯхтааст. Ӯ бо ин касб аз овони хурдсолӣ то имрӯз машғул аст.

Ин рӯзҳо холаи Ҳалима дар вақтҳои холӣ ҷӯроби мардона, занонаву кӯдакона ва пойандоз мебофад. Муштариёни зиёд ҳамарӯза тавассути фармоиш онҳоро харидорӣ менамоянд. Ӯ ҳамзамон солҳо ба тоқидузӣ низ машғул будааст. Ба ақидаи ин бонуи пурҳунар на танҳо ба як мард чил ҳунар кам, балки ба як зан ҳам чил ҳунар кам аст.

Келинсалом ё саломномахонӣ яке аз анъанаҳои қадимаи тоҷикон буда, дар ҳар шаҳру навоҳии мамлакат ба таври ба худ хос гузаронида мешавад. Ин маърака   дар баъзе минтақаҳо пас аз як рӯзи ба хона омадани арӯси нав ё пешвози арӯсу домод баргузор мегардад. Дар ин маросими суннатӣ зане саломнома хонда хешу табори домодро ба арӯс ва баръакс онҳоро ба хешованди домод шинос мекунад. Ҳар як меҳмони омада тӯҳфа меорад ва дар навбати худ арӯс ҳам ба онҳо армуғон медиҳад.

Ҳалима Пулотова низ дар ин гуна маъракаҳо иштирок мекунад, вале ройгон. Ӯ дар баробари доира задан сурудҳои фолклорӣ месарояд. Вай бештар дар маъракаҳои хешу табор рафта доира мезанаду суруд мехонад. Ин бонуи пурҳунар ҳатто барои ин кор пайсае намегирад.

"Аз ҳузурам таъби даҳҳо нафар болида мешавад, ҳамин бароям кифоя аст."- хушҳолона гуфт Ҳалимахола.

Ҳалима Пӯлотоваи фолклорсаро дар ҷашнҳои Истиқлол, Наврӯзу Меҳргону Сада ҳамроҳи фолклорзанони Истаравшан иштирок менамояд. Қаҳрамони мо аз кӯҳансолтарин узви дастаи фолклорсароён маҳсуб меёбад. Вай мехоҳад анъанаҳои қадимаи тоҷик, махсусан, фолклорсароӣ аз нав эҳё шавад. Барои ин вай пайваста талош меварзад ва ба ҳар нафари хушзавқ доиранавозиро меомӯзонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД