Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо рафти корҳои навсозӣ ва таҷдиди меҳмонхонаи “Хуҷанд” шинос шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, меҳмонхонаи “Хуҷанд” аз 14 ошёна иборат буда, барои қабули то 300 нафар меҳмон дар як вақт пешбинӣ шудааст. Иншоот бо тарҳи муосир таҷдид гардида, ҳуҷраҳо, утоқҳои корӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ навсозӣ мешаванд.
Ҳамзамон, бунёди як қатор иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхона, маҷлисгоҳ (конфронс-зал) барои баргузории ҳамоишҳо ва чорабиниҳо, ҳавзҳои шиноварии болопӯшида ва мавсимӣ, амфитеатр, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
- Амалӣ гардидани ин тарҳ имконият медиҳад, ки меҳмонхона бо сифати баланд ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат расонад,- меафзояд манбаъ.
Ҳадафи асосии навсозӣ - мутобиқсозии инфрасохтори меҳмонхона ба талаботи муосир ва беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба меҳмонон гуфта мешавад.